Патрушев дар Душанбе масоили амниятиро матраҳ мекунад

Имрӯз, 30 октябр Николай Патрушев, Котиби Шӯрои амнияти Русия дар шаҳри Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон масоили амниятӣ, аз ҷумла, вазъияти амниятӣ дар минтақаро баррасӣ мекунад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар назар аст дар ҷараёни ин мулоқотҳо вазъият дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон ва чораҳо барои мустаҳкам кардани хатти сарҳадот матраҳ шавад.

Қарор аст, Николай Патрушев, Котиби Шӯрои амнияти Русия рӯзи 31 октябр дар Тошканд бо мақомоти Ӯзбекистон дидору гуфтугӯ кунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.