Паймона Ҳамдамова дар Канада вафот кард
Паймона Ҳамдамова, масъули бахши фарҳангии Ҷомеаи тоҷикони Канада шаби 23 октябр дар синни 38 аз бемории саратон вафот кард. Аз Паймона Ҳамдамова ду фарзанди ноболиғ – Манучеҳр ва Мунир – ятим монд.
Ҷомеаи тоҷикони Канада хабар дод, ки масъули бахши фарҳангии ин созмон Паймона Ҳамдамова шаби 23 октябр аз олам чашм пӯшид. Равшани Темуриён, хабарнигори тоҷики муқими Канада дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, «Паймона- бону дар синни 38-солагӣ муҳорибаи чаҳорсолаи хешро алайҳи бемории саратонро дар ғурбат бохт. Марҳум баъди худ ду писари ноболиғ Манучеҳр ва Мунирро бо падарашон д-р Саидмуҳаммад Оқилзода бозмонд.«
Паймона Ҳамдамова зодаи шаҳри Панҷакент буда, донишгоҳи забонҳои Душанберо хатм кардааст. Ӯ 5 соли охир ҳамроҳи хонаводааш дар шаҳри Монреали Канада зиндагӣ мекард. Ӯ дар инҷо риштаи муҳосибии коллеҷи Сан- Леонардо да Винчиро низ хатм кард ва дар Ҷомеаи тоҷикони Канада масъулияти бахши фарҳангиро бар дӯш дошт.
Паймона Ҳамдамова аз байни муҳоҷирони зодаи Тоҷикистон нахустин нафарест, ки дар Канада ба зиндагӣ падруд гуфт. Маросими намози ҷанозаи Паймона Ҳамдамова рӯзи 24 октябр, соати 13:30 дар Маркази исломии Квебек баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ