Пешниҳод: Дар Душанбе пайкараи “Овози тоҷик” гузошта шавад!

Имрӯз, 9 –уми декабр бо ташаббуси Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-хонаи китоби Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон оид ба мавзӯи “Овози тоҷик” ва масъалаҳои фарҳанги миллӣ” ҳамоише доир гардид, ки дар он намояндагони илму фарҳанг ширкат доштанд.

Дар бойгонии миллии Хонаи китоби Тоҷикистон зиёда аз як миллион намунаҳои матбуоти даврӣ маҳфузанд, ки он 110 соли гузаштаро дар бар мегирад,- зикр намуд зимни баромадаш директори Хонаи китоби Тоҷикистон Сайзароб Нодирзода.

-Ин хазинаи беназири таърихи фарҳангиву маърифатии халқи тоҷик аст, ки аз солҳои 1910 ба ин ҷониб гирд оварда шудааст. Ва сар карда аз соли равон мо шакли электрони баргардонии маъхазҳои бойгонӣ шуруъ кардем ва натиҷаҳо назаррасанд.

Номбурда таъкид намуд, ки дар бойгонии мазкур намунаҳои нодири адабиёт, рӯзномаву маҷаллаҳои тӯли солиёни сипаришуда нашр гашта, бо стандатҳои ҷаҳонӣ ҳифз карда мешаванд. Яке аз чунин намунаҳои бисёр нодири бойгонии мо ин бастаи рӯзномаи “Овози тоҷик” мебошад,-иброз дошт директор. Мо ҳама хуб огоҳем, ки дар таърихи фарҳангу сиёсату иқтисоди кишвар ин рӯзнома чи нақши муҳимеро бозид. Дар саҳфаҳои ин рӯзнома рӯзҳои пурҳаяҷон, пурэҳсосу пурдарду пуралами миллати тоҷик инъикос гаштааст.

Бинобар ин, мо бо дар назардошти он ки маҳз дар солҳои барпошавиии Ҳукумати Тоҷикистон рӯзномаи “Овози тоҷик” нақши басо муҳимеро бозидааст, қарор додем, ки ҳамоишамонро бахшида ба ин рӯзнома доир намоем.

Маърӯзаҳое, ки дар аз ҷониби устодону муҳаққиқон ба самъи ҳозирин расонида шуд, маҳз ба масоили фарогири рӯзнома, инъикос ва баррасӣ, ташаккул, бозтобӣ ва вижагиҳои фарҳангу маърифати тоҷиконро фаро мегирифт.

Дар рафти ҳамоиш дар мавзӯъҳои “Инъикос ва баррасии фарҳанги тоҷикон дар рӯзномаи “Овози тоҷик” доктори илмҳои филология, профессор Аъзамҷон Азимов, “Овози тоҷик” ва ташаккули фарҳанги рӯзноманигорӣ” доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродӣ, “Бозтоби фарҳанги миллӣ дар матбуоти тоҷики солҳои бистуми садаи ХХ” номзади илмҳои филология, Дилшод Раҳимӣ, “Вижагиҳои гӯшаи адабии рӯзномаи “Овози тоҷик” муовини директори Хонаи китоби Тоҷикистон Муҳаммаднабӣ Баёнӣ маърӯзаҳои ҷолибу пурмуҳтаво карда, аз он талошу такопуҳои сарсупурдагони фарҳангу маданияти тоҷик чун Мирзосироҷи Ҳаким, Мирзомуҳиддин Мансуров, Мирзоҷаллол Юсуфзода, Садриддин Айнӣ, Абдулло Сатторӣ, Сайидризо Ализода, устод Лоҳутӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, Алӣ Исмоилзода, Чинор Имомов, Турақул Зеҳнӣ, Фахриддини Розӣ ва даҳҳои дигар дар баромадҳо бо ифтихор аз онҳо ёдоварӣ шуд.

Маърӯзачиён дар баромади худ зикр карданд, ки маҳз рӯзномаи “Овози тоҷик” буд, ки дар он айёми сарнавиштсоз, ки бояд тақдири ояндаи миллат ҳаллу фасл мешуд, нақши муҳимеро бозидааст.

Маҳз ин рӯзнома минбари розу ниёзу дарду доғи маърифатпарварони тоҷик буд, ки аз мавҷудияи ин миллати қадимаи сарзамини Осиёи Миёна ҷор мезад ва собит месохт, ки тоҷикон давлатдор буданд.

Мутассифона, то ба имрӯз рӯзномаи “Овози тоҷик” ба тарзи бояду шояд мавриди омӯзиш қарор нагирифаасту сари маводи дар он рӯи чоп омада, тадқиқотҳои ҷолибе анҷом дода нашудаанд. Вақти он расидааст, ки мо соҳибони маърифат дар назди маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” барои гиромидошти ин рӯзномаи “Овози тоҷик” пайкараи онро гузорем. Ин арҷгузори ба рӯҳи он фидоиёни миллату фарҳанг хоҳад буд.

Мухтор Боқизода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *