Пирўзии «Равшан» бар «Истиқлол»

Бозиҳои даври 21-уми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд, ки дастаи «Равшан»-и Кўлоб пас аз ғалаба мавқеашро дар зинаи дуюм мустаҳкам кард.

Дар ду бозии гуруҳи “А” “Равшан”-и Кўлоб бар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ва “Хуҷанд” бар дастаи КМВА бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд. Голҳоро дар ҳайати дастаи шаҳри Кўлоб Абдураҳмон Нозимов ва дар ҳайати дастаи шаҳри Хуҷанд Тоҳир Малодўстов, Ҷаҳонгир Эргашев ва Самандар Очилов заданд.

Дар гуруҳи “В” дастаи “Эсхата” бар “Истаравшан” бо ҳисоби 3:0 ва “Регар-ТадАЗ” бар “Равшан”-и Зафаробод бо ҳисоби 5:0 пирўз шуданд. Голҳои “Эсхата”-ро Дилшод Бозоров, Санҷар Рихсибоев ба номашон навиштанд. Як тўби дигарро бозингари Истаравшан Шаҳзод Иноятов вориди дарвозаи дастааш кард. Дар ҳайати “Регар-ТадАЗ” Ҷасур Қурбонов ду гол, Анвар Муродов, Фирўз Бобиев ва Фирўз Қараев якголӣ заданд. Дастаи “Истиқлол” пеш аз муҳлат унвони чемпиониро сазовор шуд. “Равшан”-и Кўлоб пас аз пирўзӣ дар даври 21-ум бо 35 имтиёз мавқеашро дар ҷойи дуюми ҷадвал мустаҳкам кард. “Хуҷанд” ва “Хатлон” бо 31-холӣ дар ҷойҳои сеюму чорум мавқеъ доранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.