Пирӯзии “Истиқлол” бар “Хатлон” дар Бохтар
Дар варзишгоҳи Пахтакори шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон дастаи “Хатлон” бо “Истиқлол” вохӯрӣ намуданд. Ин сабқат ба нафъи меҳмонон ба охир расид.
Вохӯрии дастаҳои футболи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар бо “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар доираи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар соли 2023 сурат гирифтааст. Ҳисоби бозӣ 3 бар 1 ба нафъи дастаи “Истиқлол” аст.
Варзишгоҳи Пахтакори шаҳри Бохтар назар ба дигар бозиҳои футбол сертамошобин буд.
![](https://pressa.tj/wp-content/uploads/2023/05/346158628_2457616274417411_7554132518880494191_n-730x405.jpg)
Ҳамчунин, дар ин бозӣ Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва Файзулло Баротзода, шаҳрдори Бохтар иштирок доштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ