Фаридун Одилов

Пирӯзии тоҷик дар АСА. Фаридун Одилов Филҳоро нокаут кард!

Размандаи лигаи ACA ва собиқ қаҳрамони “Eagle FC “дар вазни миёна Фаридун Одилов дар мусобиқаи ACA 153 дар Маскав Наталисио Филҳои бразилиро мағлуб кард. Мубориза дар раунди аввал бо нокаути техникӣ ба фоидаи Одилов анҷом ёфт.

Филҳои 33-сола қаблан дар “CFC — Canaa Fight Champions 01” набард карда, дар даври аввал бар Данило Алвес де Арауҷо бо нокаут пирӯз шуда буд. Наталисио 19 ғалаба ва ҳашт бохт дорад.

Фарудин 30-сола аст ва моҳи январи соли 2023 дар мусобиқаи рақами 151-ум таҳти парчами ACA баромад карда, дар даври аввал Амин Нуриро шикаст дод. Дар умум, 14 ғалаба ва 2 мағлубият дорад.

Одилов пас аз пирӯзӣ дар мусобиқаи лигаи олӣ хостааст, ки бо Даурен Ермеков набард намояд. Ӯ мегӯяд: “Шунидам, ки АСА мехоҳад бо Ермеков дар Гран При шартнома имзо кунад. Ман тайёрам, ки бо ӯ дар ин ҷо вохӯрам. Ман ин шахсро дӯст намедорам, ман мехоҳам ӯро ҷазо диҳам, даҳонашро пӯшам, ба ӯ одоб омӯзонам”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *