Рустам Раҳматзода: Монед, аввал Президент шавам…

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон номзадии роҳбари худ Рустам Раҳматзодаро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард. Рустам Раҳматзода дар мусоҳиба бо “Тоҷикистон” гуфт, ки ҳадафаш кам кардани камбизоатӣ ва  рушди иқтисодро солона ба 10 дарсад расондан аст. Ӯ инчунин, мехоҳад, ки дар низоми бонкӣ ислоҳот сурат гирад.

-Рустам Раҳматзода,  шумо бори аввал аст, ки дар  маъракаи сиёсӣ, яъне интихоботи президентӣ ширкат меварзед. Худро чӣ гуна эҳсос мекунед?

-Пеш аз ҳама, ширкат дар чунин маъракаи сиёсӣ ин ҳисси масъулият аст. Боварии ҳизб буд, ки номзадии ман дар интихоботи президентӣ пешниҳод гардид. Итминон дорам, ки 11 октябр интихобот шаффоф ва демократӣ мегузарад.

-Қаблан медонистед, ки номзадии шумо ба курсии президентӣ пешниҳод мешавад?

-Рости гап, не. Насиб будааст, ки аъзои ҳизб маро бовар карда, номзадиамро пешниҳод намуданд.

-Ҳоло бо чӣ барнома вориди корзори интихобот мешавед?

-Барномаи мо, пеш аз ҳама, ислоҳоти иқтисоди миллӣ баҳри зиндагии шоиста мебошад. Ҳамин мақсадро мехоҳем, ки ба мардум расонем. Умуман, ҳизби моро ҳизби олимон меноманд. Зеро танҳо дар кумитаи марказии ҳизб зиёда аз 15 нафар доктори илм ҳастанд. Онҳо сиёсати иқтисодиро муайян ва барномаҳои  мукаммалро таҳия месозанд. Мо мехоҳем, ки ба воситаи илм ва инноватсия иқтисодиёти миллиро рушду ташаккул диҳем. Албатта, мо иқтисодиёти рушдкунанда дорем, аммо тамоми сохторҳо таҷдид мехоҳанд. Барои   ин назари худро дорем, ки илман асоснок аст. Имрӯз маҳсулоте, ки истеҳсол мекунем, дар бозор рақотпазир нест. Агар хоҳем, ки маҳсулоти мо ба бозори байналмилалӣ роҳ ёбад, технологияи инноватсионӣ лозим аст. Кадрҳои замонавӣ омода намоем, то онҳо тавонанд технологияро дар амал истифода баранд. Ин масъалаҳо дар барномаи мо махсус таъкид ёфтааст. Бубинед, ки ҳозир ММД ҳамасола 7 фоиз майли афзоиш дорад. Имкон ҳаст, ки суръати рушдро то ба 10 фоиз расонем.  

-Чӣ гуна?

-Якум, дар сатҳи макроиқтисод  бояд қонунҳоеро қабул кунем, ки муҳити институтсионалии иқтисодиётро дигар кунанд. Мо беш аз 33 институтҳои иқтисодӣ дорем. Яке аз инҳо бахши бонкдорӣ мебошад. Новобаста аз он ки қонунҳо ва санадҳои зарурӣ марбут ба бонкдорӣ қабул мешаванд, аммо дар ин самт кор суст идома дорад. Мо “Стратегияи миллии рушд  то давраи солҳои 2030”-ро  таҳия ва қабул кардаем. Тавассути он роҳҳои расидан ба мақсадро медонем. Аммо бисёре аз индикаторҳои стратегия, ки ба нақша гирифта шуда буданд,   иҷро нашуданд.  

-Масалан, кадом бандҳо иҷро нашуданд, ки изҳори нигаронӣ доред?

-Мувофиқи стратегияи мазкур ҳар сол бояд мо 100 ҳазор ҷойи корӣ таъсис медодем. Аз соли 2015 то 2030 ин ба 1,5 миллион мерасад. Панҷсолаи аввал нишон дод, ки ба ин мақсад нарасидем. Агар хоҳем, ки дар панҷсолаи дуюм ва баъдӣ расем, як маротиба таҷдид ва нигоҳи тоза дошта бошем. Барои ин моро зарур аст, ки такя ба иқтисодиёти инноватсионӣ намонем. Яъне, корхонаҳои мо маҳсулоте истеҳсол намоянд, ки рақобатпазир ва ба содирот нигаронид шуда бошанд.

-Айб дар чист? Ош  ё мош?

-Дар ҳар ду. Ин ҷо ҳам омилҳои объективӣ, ҳам субъективӣ ҷой доранд. Баъзан категориҳои объективӣ аз фаъолияти инсон вобаста нестанд, лекин мо дар иқтисодиёт онро дида наметавонем. Аммо риштаҳои онро кашида, тавассути фишангҳои иқтисодӣ танзим карда мешавад. Ба ин ҳам танҳо илм қудрат дорад. Яъне, равандҳоро омӯхта, дар асоси илм муолиҷа бояд кард. Мақсади мо  ҳамин аст, ки аввал бемориро дар ҷомеа омӯзем, баъд қадам ба қадам  пайи ҳал шавем. Институтҳои иқтисодиро ҳам танзим карда, илму инноватсияро ба ҳам пайванд созем. Дар мамлакатҳои Аврупо 70 фоизи ММД-ро соҳибкорони хурду миёна ташкил медиҳанд. Дар  мо ин нишондиҳанда камтар аст.

-Мушкил чист? Шумо дар барномаҳои қаблӣ ҳамеша мегуфтед, ки мо ба як ислоҳоти фарогир ниёз дорем. Ислоҳотро дар кадом бахшҳо дидан мехоҳед?  

-Албатта, пешравиҳо ҳастанд, аммо дар баробари ин, монеаҳо вуҷуд доранд. Тафтишгарон дар шароити Тоҷикистон аз меъёр зиёданд.  33 ниҳоди санҷишгар дорем. Магар бо ин ҳама мегузорем, ки соҳибкор нафаси озод кашад? Роҳҳоеро ҷустуҷӯ намоем, ки соҳибукорон азоб накашанд, озод фаъолият намоянд. Соҳибкоронро дастгирӣ  мебояд. Ҳоло ҳисоби миёнаи қарзи бонкӣ  23,5 фоиз аст. Ин се сол пеш 28,5 фоиз буд. Ҳол он ки ба ҳисоби назарияи иқтисодӣ соҳибкорон ба ҳисоби миёна ҳамагӣ  25-30 фоиз фоида ба даст меоранд. Агар сатҳи таваррум ва фоизи бонкро ба назар  гирем, ба фоидаи соҳибкор рост меояд. Яъне, ба соҳибкор фоидаи ночиз ба даст меорад.  Худ қазоват кунед, ки  чӣ гуна фаъолияти соҳибкорони мо  босамар бошад? Фоизи қарзи бонкро кам карда, соҳибкоронро дастгирӣ намоем. Бинобар ин, дар барномаи мо омадааст, ки соли аввал соҳибкорони хурду миёна аз андоз озод карда шаванд. Инчунин, занҳое, ки қадами худро нав ба фаъолияти соҳибкорӣ мегузоранд, аз 3 то 5 сол аз андоз озод шаванд. Айни замон дар иқтисоди миллӣ ҳамагӣ 20 фоизи занҳо кор мекунанд. Аммо дар Стратетегияи рушд омадааст, ки ин рақам  ба 50 фоиз расонида шавад. Барои  ноил шудан ба ин занҳоро дастгирӣ мебояд. Зеро ҳамасола наздики 200 ҳазор аҳолии Тоҷикистон майли афзоиш доранд.

Мушкилоти дигар низ ҷой дорад,  аз деҳот мардум талош доранд, ки ба шаҳр кӯчанд. Дар ин замина, минтақаҳоро рушд дода, корхона бунёд намоем, то мардум дубора ба зодгоҳи худ баргарданд. Ин замина мегузорад, ки ҳам дар коргоҳ фаъолият кунанд, инчунин, заминҳои бекорхобидаро истифода баранд. Ба ин васила, сафи муҳоҷирон кам мешавад.

-Борҳост, ки атрофи шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баҳсҳо сурат мегиранд. Аммо мушоҳида мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон чандон майли воридшавӣ ба ин иттиҳодро надорад. Дар робита ба ин,  нигоҳи шумо ҳамчун олим дар риштаи иқтисод чист?

-Шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё падидаи хуби иқтисодӣ аст. Мо хоҳем, нахоҳем ба ин иттиҳод шомил  мешавем. Аммо ин ҷо ду муаммост. Якум, мо ҳангоми воридшавӣ ба  ин иттиҳод баробарҳуқуқ мешавем. Аммо набояд бародарони рус ба мо ҳамчун бародари калон бошанд. Ҳамаро баробар бинанд. Ин ҷиҳати сиёсии масъала аст. Дуюм, иқтисодиёти миллии мо хусусиятҳои хоси худро дорад. Вақте ки  сарҳадотро мекушоем, чор чиз дар доираи ҳамин иттиҳод озодона гардиш мекунад: пул, мол, қувваи корӣ ва хизматрасонӣ. Дар шароите, ки дарвозаҳоро мекушоем, шояд ними истеҳсолунандагони мо муфлис шаванд. Зеро моли рақобатпазир истеҳсол карда наметавонем, ки вориди бозори байналмилалӣ гардем. Инчунин, нуриҳои минералӣ ва дигар заҳрхимикатҳо аз берун ба Тоҷикистон ворид мегарданд, ки боис ба баланд шудани арзиши маҳсулоти кишоварзӣ мешаванд. Дар ин самт ҳам мо рақобатпазир буда наметавонем. Бинобар ин, як муддати муайян иқтисодиёти кишварро  диверсифакатсия ва ба шароити кишварҳои аъзо мутобиқ намоем. Дар сурати ворид шудани Тоҷикистон, кишварҳои аъзои иттиҳод моро дастгирии молиявӣ намоянд, то иқтисодиёт ба шикаст мувоҷеҳ нагардад.

-Панҷ  омиле ном баред, ки сабаби рушди Тоҷикистон гардад.

-Якум, рушди саноати босуръат. Дуюм, рушди минтақаҳо. Сеюм, таъсиси ҷойҳои корӣ бо истифода аз корхонаҳои инноватсионӣ. Чорум, таъмини бехатарии озуқаворӣ. Панҷум, коркарди пурраи пахта дар дохили кишвар.

-Панҷ омиле ном баред, ки  монеаи  рушди иқтисоди Точикистон шудааст.

-Коррупсия, сатҳи пасти омода намудани кадрҳо дар муассисаҳои олии кишвар, рушди нобаробари минтақаҳо, иқтисоди пинҳонӣ  ва сохторҳои зиёди санҷишгар, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсир мерасонанд.

-Чӣ бояд кард, то иқтисоди пинҳонӣ аз байн равад?

-Меъёри иқтисоди пинҳонӣ дар мо зиёд аст. Агар хоҳем, ки онро кам намоем, маъмурияткунонии андозро ба низом дароварда, миқдори пардохтҳои андозиро кам намоем. Маҳз гарон будани андоз боиси пайдо шудани иқтисоди пинҳонӣ шудааст. Азбаски маҳсулот рақобатпазир нест ва бештар воридотӣ аст, соҳибкорон маҷбур мешаванд, ки ба хотири рӯйпӯш кардани хароҷоти худ як қисми фаъолияти худро пинҳон кунанд.

— Аз нигоҳи шумо, Сарвари давлат кист?

-Патриот ва одил бошад. Дар фаъолияти худ ба қонун такя кунад. Ташаббускор ва Ватанашро дӯст дорад. Шабу рӯз дар фикри рушди давлат бошад. 

-Агар дар интихобот пирӯзӣ ба даст оред, авввалин коре хоҳед кард, чист?

-Монед, аввал Президент шавам, баъд ба ин савол посух медиҳам. 

-Ҳоло ҳизб чӣ қадар аъзо дорад?

-31600 нафар. Бештарашон ҷавонанд.

Мусоҳиб: Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *