Порахӯрӣ қонунӣ шуд: фолбину ришвагир дар як саф

 

Як  ҷомеашиноси машҳур гуфтааст, ки дар кишваре порахӯрӣ ривоҷ ёбад,  он аз рушд мемонад. Кишвари мо низ аз порадиҳию порахӯрӣ наҷот наёфтааст ва як сабаби қафомонии иқтисодии мо низ дар ҳамин аст. Ҳоло   таъбирҳои “дасташро сафед кун”, ”подогрет кардан даркор” , “дарамро бо поят кушо”  ва амсоли инҳо рӯи кор омаданд. Агар дар гузашта вожаи “чойпулӣ” дар Тоҷикистон ба маънои аслии он, яъне ҳамчун подоши хизмат дар чойхона истифода мешуд, ҳоло ин таркиб маънои дигарро  касб кардааст.

Агар ронандаеро, барои мисол, корманди БДА дар роҳ боздорад, ҳатман гапи “чойпулӣ” дар миён аст ва ё агар кори нафаре дар идорае “барор” нагирад, ҳатман роҳи пешниҳоди “чойпулӣ”-ро меҷӯяд.

-Ҳангоме ки  кормандони соҳаи барқ барои таъмири хати кандашудаи барқ ё трансформатори таъмиргарталаб ояд, интизор мешаванд, ки кай мардум “дасташро сафед” мекунанд. Онҳо маҷбуранд, ки “чойпулӣ” диҳанд. Агар “дасташонро сафед” ё “подогрет” накунӣ,  корро бо сад баҳона нимкора партофта мераванд . Агар кормандони БДА бошад, ҳатман сад камбудии туро аз чароғак сар карда, то чиркин  будани мошин баҳона мекунад,- мегӯяд рондаи мошини мусофиркаш Абубакр Абдуев .

Нафароне низ дар ин ақидаанд, ки “пора” дар ҳолатҳои бисёр ногувор мушкилро осон мекунад ва кори душвор бо пардохти як маблағи ночиз ҳал мешавад. Ҳам коргар розӣ асту ҳам корафтода. Шаҳбоз ном ҷавон мегӯяд, ки солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ мехостам  долони хонаамро васеъ кунам. Баробари корро сар кардан масъуле омада, бо ман баҳс карда, корамро ғайриқонунӣ арзёбӣ кард. Гуфтам биё як обедат диҳаму хапи ману хапи ту шавад.

— Шиками худам сер шавад, бачаҳоям чӣ мехӯранд ? — бе рӯю риё гуфт ӯ.

Ман маънии суханашро фаҳмида, андаке маблағ ба кисааш халондам. Ба ҳамин минвол аз кашмакашии зиёд халос шудам. Боре зимни суҳбат ба хабарнигорон як корманди масъул гуфта буд: “Дар сурате ки шаҳрвандон ҳаққи меҳнат гуфта, ба кормандони ниҳодҳо пул медиҳанд, ин ҷиноят ҳисоб намеёбад. Аммо вақте ходимони давлатӣ барои анҷоми ин ё он коре ҳақ талаб мекунанд, он гоҳ он ришва ҳисоб меёбад. Инҳо қатрае аз баҳранд, вале пеши роҳашон гирифта нашавад, ба баҳр табдил ёфтанашон аз эҳтимол дур нест. Рӯзе нест, ки аз порахӯрии мансабдоре дар расонаҳо хабаре паҳн нашавад. Оё қонунҳои нави порахӯрӣ садди роҳи ин амвоҷи пурталотум гашта метавонад?

Пул дорӣ, пора хӯрдан гир?

Пӯшида нест, ки порахӯрӣ нисбати дигар ҷиноятҳо дар кишвар хеле зиёд аст.Ҷиноятҳои то ҳанӯз ифшонашуда дар ин шоха низ ҳастанд. Шояд аз ҳамин ҷиҳат Кодекси ҷиноятии кишвар ниёз ба дигаргуниҳоро пайдо кард. Ҳафтаи гузашта Палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид кард. Дар  ин навгонӣ он шахсоне, ки бо гуноҳи пора гирифтан ҷиноят содир намуда, дар муассисаҳои ислоҳии кишвар нигоҳ дошта мешаванд, бо супоридани ҷаримаи калон- 200 сомонӣ барои як рӯз имкон доранд аз адои ҷазо озод гарданд.

-Аҷаб не бо супоридани ҷаримаи сангин ҳаромхӯрҳо аз адои ҷазо озод гарданду  дару дарвозаи нафси бади худро банданд. Ин тадбир аз бисёр ҷиҳат манфиатбахш аст, — мегӯяд ҳуқуқшинос Раҷаб Алӣ. Дар ин маврид  Илёс Идрисзода -муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, ки 10 феврал дар назди вакилони Парлумони мамлакат ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода гуфт, ки қонунгузории ҷиноятии кишвар барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 319 (гирифтани пора), 320 (додани пора) ва 321 (иғвои порадиҳӣ) ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро ба сифати ҷазои асосӣ ва ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайянро ба сифати ҷазои иловагӣ муқаррар кардааст.

Номбурда афзуд, ки таҳлили таҷрибаи тафтишотӣ ва судии ҷиноятии кишвар нишон медиҳад, ки барои ҷамъият хавфнок будани шахсони содиркунандаи ҷиноятҳои дар моддаҳои 319, 320 ва 321 -и Кодекси ҷиноятии кишвар пешбинишуда, баъди аз мансаби ишғолкарда озод ва ё аз ҳуқуқи ишғоли ин мансабҳо маҳрум кардани онҳо аз байн меравад. Дар ин замина таъйин намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва нигоҳ доштани чунин шахсон дар муассисаҳои ислоҳӣ барои чунин ҷиноятҳо ба мақсад мувофиқ набуда, харҷи зиёди молиявиро аз буҷети кишвар тақозо менамояд. Татбиқи ҷазои ҷарима ба ин категорияи ҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳо нишон медиҳад, ки таъйини чунин ҷазо барои ислоҳи шахсони ҷиноятсодирнамуда ва пешгирии ҷиноятҳо мусоидат менамояд.

 Дар асоси қонунгузории ҷиноятӣ ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ҷилавгирӣ аз содир намудани ҷиноятҳои нав ва ислоҳи маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад. Аммо оё ин ақида дуруст аст?

Фолбину порахӯрҳо як шуданд

 Дар санксияи моддаҳои 319, 320 ва 321- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба сифати ҷазои алтернативӣ ворид карда мешавад. Нафароне, ки бо даст доштан ба ҷиноёти марбут ба моддаи 319 — гирифтани пора, 320 — додани пора, 321-иғвои порадиҳӣ айбдор карда мешаванд, имкон доранд, бо ивази ҷарима аз маҳбас озод шаванд. Пас андозаи ҷарима чӣ миқдорро ташкил мекунад? Ҷарима бар ивази як рӯзи маҳбас 200 сомонӣ муқаррар шудааст. Фолбину ҷодугарҳо ҳам дар ҳамин радифанд. Ба онҳо низ имкон дода шудааст, ки бо пардохти 200 сомонӣ барои як рӯз аз маҳбас озод шаванд. Ҳувайдост ,ки дар моддаи 319 Кодекси ҷиноятӣ, ки ҳоло амал мекунад, ҷазо аз 5 то 12 сол  маҳбас пешбинӣ шудааст. Моддаи 320-и Кодекси мазкур аз 5 то 10 сол бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шудааст.  Онҳое, ки барои содир кардани ҷиноят алҳол маҳкум гардидаанд, имкони супоридани ҷаримаро барои як рӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ дар ҳаҷми 200 сомонӣ- баробар ба панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо доранд ва дар ҳолати супоридани ҷарима аз адои ҷазо озод карда мешаванд. Ба андешаи мо, дар ин раванд нақши асосиро маблағ бозӣ мекунад. Онҳое ки калон –калон пора хӯрдаанд, маблағро супурда, болиштро  таги сар монда, аз ришваҳои ҷамъкардаи худ савлат мекунанд ва боз нодор паси панҷараи маҳбас менишинад. Қисмати фолбинҳо ҳамин аст. Ин тарзи коргириро нисбати порахӯру фолбинҳо дар ҷомеа чун сабук кардани ҷазо барои чунин ҷиноятҳо мешуморанд. Агар баръакс шавад, яъне барои порахӯрию фолбинию ҷодугарӣ ҳукми қатл муайян карда шавад чӣ? Шояд танҳо ҳамон вақт ин ҷиноятҳо камтар мегарданд? Андешаи шумо чист?

 

Иззатбеки Идизод,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *