Посух ба иғвоҷӯён: Чоршанбе аз оркестр рафт ё ӯро ронданд?

Матлаби “Чоршанбе Аловатов: Аз бекорӣ то ғолибият дар «Central Asia Got Talent», ки дар сомонаи pressa.tj нашр шуд ва ба қалами ман – Одил Нозир таалуқ дорад ду рӯз аст мавриди баҳсҳои фейсбукӣ қарор дорад ва ҳатто худи Чоршанбе Аловатов ба он посух гуфт. 

Нуктаи мавриди баҳси ин матлаб ронда шудани Чоршанбе Аловатов, сарояндаи ҷавони тоҷик, ғолиби озмуни «Central Asia Got Talent» аз Оркестри симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон барои бе иҷозат ширкат карданаш дар озмуни зикршуда аст. Ин нуктаро худи Чоршанбе Аловатов дар мусоҳибаи хеш ба сомонаи “Sputnik Таджикистан” гуфтааст.

https://sputnik-tj.com/style/20191004/1029979057/Chorshanbe-hunarmand-dushanbe-BobMusicAwrds2019-CentralAsiaGotTalen.html

Вақте Чоршанбе Аловатов дар давраи аввали озмуни  «Central Asia Got Talent» ширкат кард ва ҳайати доваронро ба ваҷд оварда “тугмаи тиллоӣ”-иро соҳиб шуд ва якбора ба финал роҳ ёфт банда дар асоси маводи расонаҳо дар бораи Чоршанбе матлаби муфссал навишта ба як навъе ғолибияти ӯро пешгӯйӣ ҳам карда будам. Ин матлаб таҳти унвони “Чоршанбе Аловатов: Мехохам сабки худро пайдо кунам!” Дар шумораи №42-и “Оила” ба нашр расида буд. Дар ҳамон матлаб низ банда дар такя ба мусоҳибаи “Sputnik Таджикистан” аз кор ронда шудани Аловатовро қайд карда будам, вале ба он вокунише сурат нагирифт.

Чун Чоршанбе Аловатов дар даври финалии озмуни «Central Asia Got Talent» ғолиб шуд ва бо Шоҳҷоиза ба Тоҷикистон баргашт банда дар бораи ӯ матлаби дигар таҳти унвони  “Чоршанбе Аловатов: Аз бекорӣ то ғолибият дар «Central Asia Got Talent» навиштам ва дар ин навишта низ дар такя ба манбаъи аввал аз кор ронда шудани Аловатовро қайд кардам.

Саҳифаи сомонаи «Спутник», ки мусоҳибаи Чоршанбе чоп шудааст

Чун матлаби ман ба сомона роҳ ёфт, “Ахбор” ин фактро асоси хабар карда, ронда шудани Чоршанберо бо забонҳои тоҷикиву русӣ дар такя ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” нашр кард. Рӯзи дигар худи Чоршанбе Аловатов дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ посухи расмӣ дода, ронда шуданашро рад кард ва навишт, ки бо хоҳиши худ аз кор рафтааст.

Сомонаи “Sputnik Таджикистан”  низ таҳти унвони “Шокӣ шудам! Аловатов ҳақиқати истеъфояш аз оркестри дастгоҳи Президентро гуфт” матлабе нашр карда, гӯё маводи қаблии худро фаромӯш кард.

Банда дар журналистика одами нав нестам ва қонунҳои ҷории матбуот ва этикаи касбиро хуб медонам. Таҳрифи факт, иғвоангезӣ, шӯрандозӣ, дуруғпардозӣ шеви кори ман ва нашрияе, ки муҳаррираш ҳастам нест.

“Тоҷикистон” ҳамеша барои баёни ҳақиқат, тантанаи адолат, иттиҳод ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон, сулҳу субот дар кишвар ва аз ҳама муҳим барои муаррифии  истеъдодҳое чун Чоршанбе Аловатов талош мекунад.

Таҳриф, иғво, дуруғпардозӣ ва ҷудоиандозӣ шеваи кори дигарон аст, ки шумо хуб медонед.

Суханро ба дарозо намекашам. Пӯсткандаи гап ҳамин, ки манбаи асосии хабари аз кор ронда шудани Чоршанбе Аловатов “Тоҷикистон” не, балки   “Sputnik Таджикистан”  ва журналисти он Нилуфари Некқадам аст.

Бо умеди ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳақиқатбаёнӣ

Одил Нозир,

Муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.