Pressa.tj озмуни “Шеъри Наврӯз”-ро ҷамъбаст кард (аудио)

Имрӯз, 22-юми апрел дар идораи нашрияи “Тоҷикистон” ва сомонаи  Pressa.tj диплом ва мукофоти пулӣ ба барандагони озмуни “Шеъри Наврӯз дар Pressa.tj” супорида шуд.

Ҳамин тариқ, ба Шоҳсанам Бомуллозода, донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур диплом, 1500 сомонӣ, ба Парвизи Бурҳон, донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода диплом ва 1000 сомонӣ ва ба Умедҷони Амонӣ, донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода 500 сомонӣ ва китобҳои тозанашри сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур тақдим карда шуд.

Тавре хонандагон огоҳӣ доранд, аввали моҳи феврали соли ҷорӣ сомонаи Pressa.tj ва ютубканали он озмуни “Шеъри Наврӯз дар Pressa.tj”-ро эълон карданд, ки дар он ҳамаи дӯстдорони шеър, новобаста аз синну сол иштирок намуданд. Озмун 20-уми марти соли 2022 ҷамъаст гардид.

Иштирок дар озмуни “Шеъри Наврӯз дар Pressa.tj” сода буд. Ҳар иштирокчӣ шеъреро дар васфи Наврӯз интихоб карда, онро дар назди камера қироат кард ва ба суроғаи мо фиристод. Ҳамчунин, ба мазмун ва қироати шеър таваҷҷуҳ намуда, розигии худро дар хусуси пахш намудан дар ютубканали Pressa.tj доданд.

Илова бар ин, ҳар нафаре, ки имкони сабт кардан надошт, ба студияи ютубканали Pressa.tj омада, шеъри худро қироат кард.

Тафсилоти бештарро дар ин мавзуъ дар шумораи ояндаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *