Президент 200 нафарро қадрдонӣ кард

Имрӯз, 30-юми август Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ табрик намуда, иброз дошт, ки дар арафаи ҷашни солгарди Истиқлоли давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарафроз гардонидани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони дигар соҳаҳо нишонаи қадршиносии Ҳукумат дар бунёди давлатдории миллии мо мебошад.

Барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллии мамлакат бештар аз 200 нафар олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат ва хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ — унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, бо ордени Спитамен дараҷаҳои I ва II, ордени Шараф дараҷаи II, бо медалҳои Ҷасорат, Хизмати шоиста, Шафқат, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2023 қадрдонӣ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *