Вақте кӯдакон дуздӣ мекунанд…

Дар бораи дуздии маблағи калоне хабар дода шуд, ки дастандаркоронаш ноболиғ будаанд.

Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мазили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 24 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки ҷинояти мазкурро ноболиғони 9 ва 13-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *