Як голи Роналдуро ба инобат нагирифтанд, аммо “Ал-Наср” ғолиб омад

Дар доираи бозиҳои даври чаҳоруми чемпионати Арабистони Саудӣ дастаҳои “Ал-Наср” ва “Ал-Шабоб” ба масофи ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк”-и шаҳри Риёз баргузор шуда, бо ҳисоби 4 бар 0 ба суди футболбозони шаҳри Риёз анҷом ёфт.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голҳоро дар ин бозӣ аз ҳайати “Ал-Наср” Криштиану Роналду (ду маротиба), Садио Мане ва Султон ал Ғаннам ба самар расонидаанд.

Дар ин бозӣ Роналду ду гол ва як ирсоли головар анҷом додааст. Ҳамчунин, Роналду як голи дигар ба самар расонидааст, лек онро ба инобат нагирифтаанд. Роналду як пеналтии дигарро ба ҳамдастааш Абдулраҳмон Ғариб дода, вале ӯ гол зада натавонистааст.

Гуфта мешавад, ки ҳоло Криштиану бо 5 гол ва 2 ирсоли головар беҳтарин нишонзани мавсими имсолаи чемпионати Арабистони Саудӣ маҳсуб меёбад.

Ин ғалабаи дуюми дастаи “Ал-Наср” дар 4 даври мусобиқа маҳсуб мешавад. Ҳоло даста бо касби 6 имтиёз дар зинаи 6-ум аст. “Ал-Шабоб” бо 2 имтиёз дар зинаи 17-ум аст. “Ал-Иттиҳод” бо 12 имтиёз ва тафовути тӯбҳо дар садри ҷадвали мусобиқот аст.

Ҳамакнун, дар даври оянда, рӯзи 2-юми сентябр “Ал-Наср” бо “Ал-Хазм” ва “Ал-Шабоб” бо “Ал-Халиҷ” дар ҳамин рӯз ба рақобат мепардозанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *