Алиев

Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон меояд

Ҳафтаи аввали моҳи апрели соли равон Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ вориди шаҳри  Душанбе мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар доираи сафари Илҳом Алиев ба Тоҷикистон, 4 –уми апрел Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон доир мегардад.

“Ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур пайдо намудани имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои  саноат, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт ва рушди содирот мебошад”, — иттилоъ медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.

Дар форум беш аз 150 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, хӯрокворӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо иштирок менамоянд.

Ҳамзамон, дар доираи ҳамоиши мазкур байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ,  соли 2022 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 6,2 млн долларро ташкил додааст, ки ба 0,1% аз ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот баробар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *