Донишгоҳ мутахассисони баландпоя тайёр мекунад

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур яке аз аввалин макотиби олии ҷумҳурӣ буда, соли 1931 ташкил шудааст ва дар 92 соли фаъолияти худ зиёда аз 57692 нафар мутахассиси баландпояро тайёр намудааст. Дар давраи соҳибистиқлолӣ (солҳои 1991-2022) ин теъдод зиёда аз 37 ҳазору 706 нафарро ташкил медиҳад.

Донишгоҳ дорои муқаддасоти хеш — Суруд, Парчам, Рамз мебошад. Донишгоҳ узви шабакаи Донишгоҳҳои Авроосиё ва Атлантика, Алянси муассисаҳои олии касбии Хитой ва Осиёи Марказӣ, ташкилоти  байналмилалии рейтингӣ QS мебошад. Донишгоҳ сазовори ҷоизаи тиллоии “Эраи Сифат”-и ташкилоти байналмилалии B.I.D., ҷоизаи байналмилалии Ассамблеяи тиҷоратии Аврупо — Кумитаи байналмилалии Суқрот (Оксфорд, Британия Кабир), “Донишгоҳи беҳтарини сол”, Нишони фахрии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Моҳи феврали соли 2019 Донишгоҳ аз Аккредитатсияи навбатии давлатӣ гузашта, соҳиби “Шаҳодатнома” аз 12.03.2019, №426 то 12.03 соли 2024 гашт. 31-уми майи соли 2022, №6/1 донишгоҳ барои фаъолияти минбаъда барои 5 соли дигар аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Аттестатсияи навбатӣ гузаронида шуда, ҳуқуқ дода шуд, ки то моҳи майи соли 2027 фаъолияти худро идома диҳад.

Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Ҳоло дар 10 факултети донишгоҳ 6848 донишҷў аз рўйи 51 ихтисос дар таҳсили рўзона ва 37 ихтисос дар таҳсили фосилавӣ, аз ҷумла 15 ихтисос барои гирифтани маълумоти дуюми олии касбӣ таҳсил мекунанд. 226 нафар шаҳрвандони хориҷӣ низ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар донишгоҳ 6 академики АИКТ, 3 узви вобастаи АМИТ, 5 узви вобастаи АИКТ, 47 нафар доктори илм, 55 нафар профессор, 144 нафар номзади илм ва зиёда аз 200 нафар омўзгор фаъолият менамоянд.

Дар донишгоҳ 18 озмоишгоҳи илмию таълимӣ, 72 озмоишгоҳи таълимӣ, 14 маркази компютерӣ, 3 маркази интернетӣ, китобхонаи марказӣ ва китобхонаҳои электронӣ мавҷуданд.

Машғулиятҳои назариявию амалӣ дар 13 бинои таълимӣ, 220 синфхона, бо миқдори зиёда аз 6500 ҷойи нишаст дар як вақт мегузаранд. Донишгоҳ дар хоҷагиҳои пешқадами кишвар филиалҳо дорад ва дар онҳо низ машғулиятҳои назариявию амалӣ гузаронида мешаванд.

Соли 2022 донишгоҳро 1471 нафар, аз ҷумла 1342 нафар бакалавриат ва 129 нафар мутахассис аз рўйи 46 ихтисос хатм намуданд. Инчунин, 76 нафар магистр донишгоҳро хатм карданд. Аз миқдори умумӣ 45 нафар ё 3,0 % хатмкунандагон соҳиби дипломи аъло шуданд.

Донишгоҳ бо 110 ташкилоту муассисаҳои олии хориҷи кишвар шартнома оид ба ҳамкорӣ дорад. Тибқи созишномаҳои басташуда омўзгорону донишҷўён ба кишварҳои мутараққии дунё ба монанди Олмон, Кореяи Ҷанубӣ, Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Белорус, Ўзбекистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷопон ва ғайраҳо ба сафарҳои илмӣ, коромӯзӣ, хондани лексия ва такмили ихтисос фиристода мешаванд. Тавассути созишномаҳои тарафайн дар доираи лоиҳаву барномаҳо 10 нафар устоди донишгоҳ дар хориҷи кишвар сафари корӣ анҷом доданд. Донишҷўён ва магистрони донишгоҳ дар Донишгоҳи аграрии Воронеж ва Академияи давлатии кишоварзии Кострама, Донишгоҳи давлатии аграрии Мичуринск, дар шаҳри Алмаато дар мактаби байналмилалии тобистонаи Донишгоҳи миллии аграрии тадқиқотии Қазоқистон таҳсил карданд. Ҳамзамон, таҳсили 2х2 сурат гирифт. Донишҷўёни Академияи давлатии кишоварзии Кузбасси Федератсияи Русия таҷрибаомўзии технологиро дар пойгоҳи донишгоҳ гузарониданд. Дигар омӯзишҳо, семинар ва конференсияҳои илмӣ — амалии байналмилалӣ тариқи бархат амалӣ гардиданд, ки дар онҳо 62 нафар олими донишгоҳ иштирок ва баромад намуданд.

Донишгоҳ дорои 2 хоҷагии таълимиву таҷрибавӣ дар шаҳри Ҳисору ноҳияи Ёвон мебошад. Дар пойгоҳи хоҷагии Ёвон бо дастгирии шарикони рушд як гармхонаи замонавӣ сохта мавриди баҳрабрдорӣ қарор гирифт. Дар пойгоҳи КВТТ “Ҳисор” бо дастгирии Агентии ҳамоҳангсозии Туркия “ТICA” боғи интенсивӣ дар масоҳати 2 га ва 0,5 га боғи модарӣ ва 2 гармхонаи лимупарварӣ бунёд гардид.

Бо дастгирии Агентии ҳамоҳангсозии Туркия “ТICA” ва Ассосиатсияи ҳамкориҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ду гармхонаи замонавӣ дар ҳудуди донишгоҳ сохта шуд.

Донишгоҳ барои соли таҳсили 2023 — 2024 аз рўйи 53 ихтисос довталабонро қабул мекунад. Дар донишгоҳ кафедраи ҳарбӣ мавҷуд аст, ки он дорои беҳтарин шароит мебошаду ҷавонон илми ҳарбӣ меомўзанду муҳофизи Ватан-афсари эҳтиётӣ мешаванд ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти қудратӣ ба ҳайси афсар хизмат мекунанд.

Донишгоҳ дар шафаташ хобгоҳҳои шароити заруриро дорад ва ҳоҳишмандонро бо ҷойи зист таъмин менамояд.

Ҳар нафаре, ки мехоҳад мутахассиси хуб шавад, ба назари мо, Донишгоҳи агарарии Тоҷикистон беҳтарин интихоб хоҳад буд. Барои идома додани таҳсил пас аз хатми коллеҷҳои тахассусӣ ва барои гирифтани маълумоти дуюми олӣ низ хоҳишмандон қабул карда мешаванд.

Рамзи донишгоҳ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рақами 103 мебошад. Ба донишгоҳ довталабон аз рўйи гурўҳҳои ихтисосҳои (кластерҳои) 1 — табиӣ ва техникӣ, 2 — иқтисод ва география ва 5 — тиб, биология ва варзиш қабул карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *