Псаки: Агар Русия ба Украина ҳамла кунад…

Иёлоти Муттаҳида омодагии худро барои ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Маскав дар робита ба Украина таъйид кард, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба изҳороти котиби матбуотии Кохи Сафед Ҷен Псаки. Ба гуфтаи вай, Вашингтон «аз лафзи таҳдидомез»-и Русия ва «аз гузоришҳо дар бораи афзоиши теъдоди нерӯҳо» дар марз бо Украина изҳори нигаронӣ кардааст. Псакӣ қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида дар ин масъала ҳам бо ҷониби Русия ва ҳам Украина дар тамос аст. Сухангӯ қайд кард, ки Кохи Сафед омода аст алайҳи Русия аз чораҳои маҳдудкунанда истифода кунад. «Мо аз истифодаи ин воситаҳо худдорӣ намекунем, аммо ин корро дар ҳамоҳангии зич бо шарикон ва муттаҳидони худ мекунем» гуфт Псаки.
Бо вуҷуди ин, Вашингтон зарур мешуморад, ки ин гуна тасмимҳоро бо иттифоқчиёни аврупоии худ баррасӣ кунад. Крис Александр, сафири собиқи Канада дар Афғонистон гуфт, дар сурати таҷовузи низомӣ ба Украина Маскав ба бунбасти байналмилалӣ ва суқути иқтисодӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вай, бархӯрди фарзияи Русия ва Украина метавонад хусусияти байналмилалӣ пайдо кунад. «Таҷовузи васеъ ва ошкоро ба Украина Владимир Путинро ба як ҷинояткори байналмилалӣ табдил хоҳад дод, ки касодии бештари иқтисоди Русияро ба вуҷуд меорад» гуфтааст ин сиёсатмадор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *