Путин ба Тоҷикистон меояд. Умеди нав барои муҳоҷирон
Моҳи октябри соли равон Президенти Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар доираи ин сафар, масъалаи беҳбуди шароити муҳоҷирони тоҷик дар Русия яке аз мавзӯъҳои муҳими рӯзнома ба шумор меравад.
Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, имрӯз, 30 июл зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бо наздик шудани сафари Президенти Русия, барои таҳкими ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шудааст.

Ба гуфтаи вазир, ба ҳайати ин гурӯҳ намояндагони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия, Агентии меҳнати Русия ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия шомил буда, корҳо ҷиҳати омода намудани ҳуҷҷатҳои муҳими ҳамкорӣ идома доранд.
“Азбаски қисми зиёди шаҳрвандони мо дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, масъалаи ҳифзи ҳуқуқ ва шароити кору зиндагии онҳо барои ҳарду ҷониб аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Айни ҳол, мо бо ҳамтоёни русамон болои тағйироту иловаҳо ба Протоколи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ кор карда истодаем,” – гуфт Солеҳа Холмаҳмадзода.
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Русия аллакай ба ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда имзо гузоштааст ва раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустин низ барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба созишнома ризоият додааст.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафари Владимир Путин ҳуҷҷатҳои нав дар самти муҳоҷират ба имзо расанд ва барои беҳбуди шароити кору иқомати муҳоҷирони тоҷик дар Русия заминаи мусоид фароҳам оранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ