Путин барои сафарбаркунии ҳарбӣ дастур дод (аудио)

Владимир Путин, президенти Русия 21-уми сентябр эълон кард, ки дар кишвараш қисман сафарбаркунии ҳарбӣ оғоз хоҳад шуд.

Дар асоси фармони Путин, дар навбати аввал онҳое даъват хоҳанд шуд, ки дар артиши Русия хизмат карда, дар ҳайати захиравӣ ҳастанд. Онҳо пеш аз фиристодан дубора омӯзиш дода мешаванд.

«Барои ҳифзи ватан ва якпорчагии он, зарур мешуморам, ки аз сафарбаркунии қисман дастгирӣ кунем»,- изҳор дошт Путин. Гуфта мешавад, ки маъракаи сафарбаркунӣ аз 21-уми сентябр оғоз мешавад.

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу гуфт, дар доираи иҷрои фармони қисман сафарбаркунӣ, ки Владимир Путин рӯзи чаҳоршанбе имзо кард, 300 ҳазор нафар ба артиши он кишвар ҷалб хоҳанд шуд.

Шойгу дар чанд моҳи ахир бори нахуст омори расмии талафоти артиши Русия дар ҷанг бо Украинаро ошкор кард. Ба гуфтаи ӯ, аз охирҳои моҳи феврал то ба ҳол дар задухӯрдҳои Украина 5 ҳазору 937 нафар низомии Русия кушта шудаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.