Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон

Имрӯз, 11 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон оғоз шуда ва то 15 ноябр идома хоҳад кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 11 ноябр як ҳайати 50–нафараи фарҳангиёни ӯзбек таҳти раҳбарии Бахтиёр Сайфуллоев, вазири фарҳанги Ӯзбекистон вориди Душанбе мешаванд.

Қарор аст, пагоҳ, 12 ноябр Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ бо ҳайати фарҳангиёни ӯзбек мулоқот карда ва шоми он рӯз дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Дар ҳайати Ӯзбекистон сарояндагони саршиносе чун Ғуломҷон Ёқубов ва Маҳмуд Намозов, ансамбли “Мақом” ва ансамбли рақсии “Тошкет зеболари”  дар толорҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Данғара ҳунарнамоӣ мекунанд.

Тибқи барнома шоми 14 ноябр дар шаҳри Душанбе консерти муштараки арбобони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Пас аз фавти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Ӯзбекистон ва ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар авохири соли 2016 равобит миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон беҳбуд ёфт.

Нахустин Рӯзҳои фарҳангии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2017 баргузор шуда ва дар он 55 ҳунарманди санъати ин кишвар ширкат доштанд.

Дар моҳи августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон  бо ширкати ҳунармандони ин ду кишвар “Шоми дӯстӣ” баргузор шуда буд, ки дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳузур доштанд.

.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *