Рӯзи матбуот: Беҳтаринҳои сол муайян шуданд

Имрӯз, 11-уми март дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросим бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид.

Пас аз итмоми суханони ифтитоҳӣ ва тақдими унвонву сипосномаҳо ба журналистон ва аҳли эҷоди кишвар раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи матбуот, барандагони ҷоизаи Лоҳутиро эълон кард.

Дар бахши радио ҷоизаи Лоҳутиро ба Худоёр Валиев аз Радиои Имрӯз, дар бахши телевизион ба Муҳаммадраҷаби Ҳанафия аз ТВ Тоҷикистон дода шуд.  

Гуфта шуд, ки довталабони ҷоизаи Лоҳутӣ дар бахши матбуот зиёд буданд ва се нафар – Ноилшо Нуралиев аз «Омӯзгор», Ҳақназар Каримзода аз «Мароми пойтахт» ва Абдулвоҳид Оев, публитсист соҳиби ин ҷоиза шуданд.

Ҳамчунин, дар маросими мазкур аз рӯйи наминаҳои «Коршиноси сол» — Ораш Алоӣ, “Сармуҳаррири сол”- сардабири рӯзномаи «Садои мардум» Самариддин Асоев,  “Журналисти сол» хабарнигори Телевизиони Тоҷикистон Фатҳиддин Замон, “Маҷаллаи сол” – маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон», “Телевизиони сол” — ТВ «Варзиш», “Радиои сол” — «Радиои Тоҷикистон», “Нашрияи соҳавии сол”- нашрияи «Инсон ва табиат», “Маҷаллаи соҳавии сол” —  маҷаллаи «Молия ва ҳисобдорӣ» ва “Рӯзномаи сол” – ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дониста шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *