Тарма дар Айнӣ се касро кушт

Дар маҳалли Кумарги болои ноҳияи Айнӣ, дар шафати корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон “Кооперератсия-19” тарма се нафарро ба ҳалокат расонд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин ҳодиса дирӯз рух дод ва як нафар аз ҳалокшудагон сокини ноҳияи Айнӣ буда, 51 сол доштааст. Ду нафари дигар сокинони ноҳияи Шаҳринав буда, яке 33 ва дуюмӣ 40-сола будаанд.
Ҳамчунин, дирӯз дар километри 550 роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ва километри 31 роҳи Хоруғ – Ишкошим чанд мавриди лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст.
“Барои поксозии роҳ хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо намуд, ки корҳои зиёди бартарафсозии паёмадҳои лағзиши тармаву резиши санг анҷом доданд. Дар айни замон кулли роҳҳои кишвар бозанд”, -иттилоъ медиҳад манбаъ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез ва роҳҳои душворгузари кӯҳӣ худдорӣ намоянд ва хеле ҳушёру эҳтиёткор бошанд. Зеро хатари лағзиши тарма ҳоло ҳам вуҷуд дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *