Раиси ноҳияи Ашт соҳибкорони Италияро ба ҳузур пазируфт

Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода соҳибкорони кишвари Италия Имерио Таккелла, сармоягузори ширкати “Ҷавонӣ” дар шаҳри Хуҷанд ва Лаура Таккелларо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳияи Ашт, зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба оид ба коркади нахи пахта, истеҳсоли сарулибос, коркади ришта гуфтушуниди судманд анҷом доданд.

Дар ҷараёни мулоқот раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода гуфтааст: “Бо хизматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳибкорӣ пурра имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Мо омода ҳастем дар ноҳия барои муҷаҳҳазсозии коргоҳҳо бо таҷҳизоти муосири коркарди нахи пахта ҳамкорӣ намоем”.

Имерио Таккелла гуфтааст, ки барои коркарди ришта аз нахи пахта ҳавасманд аст ва пас аз омода шудани лоиҳаи ҳамкорӣ корҳои истеҳсолиро ба роҳ мемонанд.

— Сипас, меҳмононро роҳбари ноҳия бо ҷараёни сохтмони корхонаи ҷӯроббофӣ бо 200 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсолии пахтаи ҶДММ ”Рахшона”, нашъунамои пахта ва рушди моҳипарварӣ дар ҳудуди ноҳия шинос намуд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.