Раиси шаҳри Турсунзода ҷавони таҳқиркунандаи занро муҷозот кард

Раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодири Исуф ронандаи сабукрави “Тико” Турсунзода Туразода Қобилро барои таҳқир ва паст задани шаъну эътибори як зани сокини шаҳри Турсунзода шахсан худаш муҷозот кард. Дар ин бора ин зани таҳқирдида Нилуфари Нарзиқул дар саҳифаи фейсбукииаш хабар дод:

“Ҳеҷ чизе дар арафаи соли нави мелодӣ маро ин қадар хурсанд карда наметавонист!

Чанд рӯз қабл бо як шикояти расонаӣ аз ҳукумати шаҳри Турсунзода ва намояндагони ШВКД дар шаҳри Турсунзода хоҳиш карда будам, ки нисбати ронандаи қадрношиносе, ки бо ман рафтори дағалона намуда, шаъну шарафи маро дар назди ҷомеа паст намуда буд, чораҳои зарурӣ андешанд! Хушбахтона боиси ифтихору шодмонии ман аст, нисбати ин шикояти расонаии банда шахсан худи Раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам Вализода Абдуқодири Исуф расидагӣ карда, зери таваҷҷуҳи бевоситаи худашон ин масъаларо қарор дода, ронандаи автомобили тамғаи “Тико” рақами қайди давлатиаш 6198 НН03 , ки ба сокини шаҳри Турсунзода Туразода Қобил таалуқ дорад, назди худ даъват намуда, нисбати ронандаи мазкур чораҷуӣ намуданд.

Ман ба Раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам Вализода Абдуқодири Исуф ва намояндагони мақомоти қудратии шаҳри Турсунзода миннатдорӣ баён менамоям.”

Бояд гуфт, ки Нилуфари Нарзиқул чанд рӯз қабл аз мавриди таҳқир қарор гирифтанаш аз тарафи рондаи сабукрави “Тико” дар саҳифаи Фесбукиаш хабар дода буд ва аз кормандони ШВКД-и шаҳри Турсунзода хоҳиш карда буд, ки нисбати ронда Туразода Қобил чораҳои зарури андешанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *