Ранги матбуоти тоҷикро кӣ зард кард?

Уффффф, хаста шудам. Аз хобҳои беохир, аз хобҳои гуногун, нилобиву гулобӣ, сабзу маллаву кабуду зард. Ҳатто кор ба ҷое расидааст, ки хобҳоям ба сиёсат олуда шуда ва то субҳ ором хусбидан намемонанд. Мансабдоре дар симои мор ба хоб меояд, навмансабе дар сурати каждум. Раисчаи дурӯзаи гӯё фармонфармо, аммо дар асл фармонравое ҳам мехоҳад ақаллан чун хомӯшак неш занад…

Худро маломат мекунам: “Айби худам, айби худам!”. Бало занад маро! Ба сари беайби худ лак-лак маломат мерезам, ки “о, беақл, агар каллаат мешуд, чаро пешниҳоди экстрасенс Холиқназар Ҷумъазодаро иҷро накардӣ!?”.

Воқеан, вақте ки дар бораи хобаму гароншавии арзиши орд матлаб навиштам, Ҷумъазода як пода пешниҳоду тавсияҳо дод. Ҳатто огоҳ кард, ки “худро эҳтиёт кунед ва як лингча орд оварда, ба хонаи ман партоеду равед. Ҳама зиёнҳои хоб бартараф мешаванд ва дигар умуман хоб намебинед. Агар не, хобҳои аз ин бадтар ҳам диданатон мумкин!».

Аммо чӣ кунам, ки шароит нашуд ва ман ҳам ба хонаи Ҷумъазода орд бурда натавонистам. Охир, фикр мекардам, ки дар арафаи иди Рамазон “ярмарка” мешавад ё виҷдони савдогарон меҷунбаду ордро арзон мекунанд ва ман метавонам асоситарин “ишора”-и устод Ҷумъазодаро амалӣ намоям. Аммо… Эҳ! Ту нагӯву ман насӯзам! Як халта орд ба ҷойи 330 сомонии нигаронкунанда ба зинаи 370-380 сомонӣ парид. Хадамоти зиддиинҳисорӣ “эзорро тар кард”. Ба тоҷир зӯраш нарасид! Буҷули ордфурӯш асп хест. Худо кунад, ки ордфурӯш дар рӯзи маҳшар то зинаи хар ва ҳатто харгӯшу мушу аз он ҳам пасттар нафарояд!

Ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ «сабри ҷамил» хоҳонам!

Ва акнун баргардем ба сари масоили бузу бузғолаи худамон. Чун дарк кардам, ки агар вазъият ҳамин бошад ва ниҳодҳои пешгоми иқтисодиву иҷтимоии кишвар боз ҳам натавонанд аз уҳдаи таъминоти ниёзҳои аҳолӣ бароянд, беҳтараш мутантан, ҳатто бо шиор эълон менамоям, ки аз ин баъд “кам мехӯрам, зиёд мехонам!”.

Ҳамин ҷо гуфтаи қаблии устод Ҷумъазодаро қобили қабул донистам. Китоби “Биё, ки фолат бинам”-и ӯро ба даст гирифтаву бо андешаи он ки “пагоҳ як даста нашрияҳоро харидорӣ кардаву мехонам” ба мутолиа пардохтам…

Бозори машҳури “Саховат”. Чун ба иди Рамазон рӯзҳои башумор мондааст, мардум дар такудав ва талоши харидории лавозимоти идона. Яке бо фурӯшандаи зардолуи 30-сомона моҷаро мекунад, дигаре аз гаронии нархи банану себу гелосу мағзу чағз шикоят дорад. Ман, ки “бемориам” дигар аст, меравам сӯйи нуқтаи газетафурӯшӣ. Нашрияҳои гуногун чанг гирифтаву хобидаанд. Ранги рӯяшон зард шудаву коҳидааст. Мисли беморони гирифтори зардпарвин.

— Газетаҳоятон аз ҳафтаҳои пеш аст чӣ?,- мепурсам аз фурӯшанда.

— Куҷо ҳафтаҳои пеш!?,- меғурунгад бо қавоқи овезон,- ҳамааш нав, аммо савдо нест. Пеш аз ҳар кадомаш 40-нусхагӣ мегирифтам. Ҳоло 4-нусхагӣ мегираму 1 ё 2 дона мефурӯшам.

— Ношукрӣ накунед. Агар мисли баъзе давлатҳо дар мо ҳам газетаҳо ройгон шаванд, шумо бекор мемонед,- ба суҳбат ҳамроҳ шуд марди лоғаре, ки аз дасту панҷаи нозук ва сумкаи дамидааш зиёӣ буданашро мехондӣ.

— Шояд оҳиста-оҳиста ҳамин хел ҳам шавад. Шӯрои ВАО ба муаррифии меъёрҳои ахлоқи журналистӣ муваффақ шуд. Мебинӣ, ки дар ҷаласаи навбатияш масъалаи ройгон будани нашрияҳоро пешниҳод мекунад,- луқма партофт марди дигар, ҳамроҳи он зиёӣ.

— Ака, худатон ҳам журналистед чӣ? Агар ҳа, пас хафа нашавед, бо ҳамин мақолаҳои якрангу якмазмун, ки чоп мешаванд, чунин нашрияҳоро ройгон ҳам намегиранд. Газетаҳоятон, чӣ сиёсиву чӣ фарҳангӣ, аз “жёлтая пресса” ягон камӣ надоранд! Мақолаҳои таҳлилӣ навишта наметавонед, аз озодона баён кардани фикратон метарсед, хап шинед!,- ба ғазаб омад фурӯшанда.

Марди зиёинамо зуд вазъиятро дарк кард. Барои он ки гуфтугӯ ба моҷаро напечад, бо лаҳни нарм гуфт:

— Мебахшед, хонум, мо журналист нестем, вале алоқаманду муштарии матбуотем. Кам-кам бо журналистон ошноӣ ки дорем, баъзе мушкилиҳои ин соҳаро медонем.

— Рост мегӯяд,- ҳамроҳашро ҷонибдорӣ кард марди дигар.- Агар мушкилиҳо набошанд, пас чаро газетаро ба мову шумо қиммат мефурӯшанд? Зеро, коғази газета коғази ташноб нест. Нархи гарон дораду дастрас карданаш душвор аст. Солҳои пеш САҲА ба хотири баланд шудани теъдоди нашри газетаҳо ба баъзеи онҳо коғаз кумак мекард…

— Ин як мушкилӣ. Масъалаҳои мураккаби дигаре низ ҳастанд, ки ноширонро ноилоҷу бечора кардаанд,- боз ҷилави суханро гирифт зиёинамо.- Масалан, ҳамин андоз. Дар ҳоле, ки баъзе давлатҳо матбуоташонро аз андозҳо озод мекунанд, дар Тоҷикистони азизи мо ноширон 15 % андози арзиши иловашуда, 23 % аз фоида, 20 % андози иҷтимоӣ ва 12 % андоз аз даромад месупоранд. Баъд андозчинҳо шикоят мекунанд, ки фоидаҳо пинҳон карда мешаванд! Шояд нафаре пайдо шаваду барои содда кардани андозбандии ВАО пешниҳоде намояд?

— Ин пешниҳод кам аст,- гуфт дӯсташ ва чанд намунаро зикр кард:

— Бояд масъалаи дастгирии давлатии ВАО-и мустақил, ки як бор ҳангомаву бе ёфтани роҳи ҳал хомӯш шуд, бори дигар пешниҳод карда шавад.

— Бояд таҷрибаи нангини обунаи маҷбурӣ аз байн бурда шавад.

— Бояд бозори реклама шаффоф бошад ва аз рӯи адолат фоизбандӣ гардад.

— Бояд дар назди Иттифоқи журналистон ё Шӯрои ВАО ба ҷои баргузории маҳфилҳову санги маломат кӯфтанҳо сари ҳамкасбон, нашрияи соҳавие баҳри ҳамраъйии онҳо таъсис дода шавад.

— Агар ин пешниҳодҳо қабул нашаванд чӣ?,- пурсид зиёинамо.

— Он гоҳ нашрияҳо амалҳои аз ноилоҷиро идома додан мегиранд. Масалан, дар бораи фаъолияти донишгоҳ мақолаи тарғиботӣ нашр мекунанду донишҷӯён мурда-мурда газета мехаранд.

— Ҳе, ака,- ба баҳс мароқ зоҳир мекунад донишҷӯе, ки аз роҳ мегузарад.- Ака, донишҷӯ аз куҷо пул дорад, ки газета мехарад? Ака…

… Ака, ака, ака…

Чашм кушодаву мебинам, ки ҷияни донишҷӯям кӯшиши бедор карданамро дорад.

— Чӣ мегӯӣ?

— Роҳкиро надорам.

Ба ӯ роҳкиро медиҳаму баъди аз хона берун шуданаш ба худ меандешам: “Экстрасенс Холиқназар Ҷумъазода шояд дар таъбири ин хоби ман мушкилӣ кашад”.

Фазлиддин АСОЗОДА

P.S. Гап-гап ҳаст, ки Вазорати фарҳанг мехоҳад бори гарони андози матбуотро сабук созад. Албатта худаш ку наметавонад, ба Ҳукумат пешниҳод мекунад. Андози аз матбуот ҷамъомадаро Ҳукумат сарфи назар мекунад ё не, вақт нишон медиҳад. Вале як чиз яқин аст: Агар ду-се матбуоти ба истилоҳ озод ҳам аз байн раванд, фазои иттилоотии Тоҷикистонро кӣ пур мекарда бошад? Шояд ҳамсояҳои мо, ки интизори ин рӯзанд?  

Тафсилот дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *