Раъно Насриддинова ҷарроҳӣ шуд

Раъно Насриддинова, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2020 бемор шудаву дар шифохонаи шаҳри Панҷакент бистарӣ гардидааст.

Як манбаъ аз Панҷакент хабар дод, ки сермутолиатарин духтари тоҷикистонӣ дирӯз ҷарроҳӣ ҳам шудааст.
Пас аз дарёфти ин хабар pressa.tj ба наздикони Раъно Насриддинова ва бемористони шаҳри Панҷакент дар тамос шуда ҳақиқати ҳолро пурсон шудем. Маълум шуд, ки Раъно воқеан бемор ва ба бемористон интиҳол шудаву дирӯз ҷарроҳӣ шудааст.

“Бемории Раъно Насриддинова вазнин нест. Ӯ ҷарроҳии кӯррӯда (аппендицит) шудаву феълан ҳолаташ хуб аст.” – хабар доданд, аз бемористон.

Раъно Насриддинова ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2020 аст, ки бо суханҳои ҳакимона ва паҳнои андешааш мардуми кишварро ба ҳайрат оварда буд. Номбурда, ваъда кард, ки бо маблағи шоҳҷоизае, ки ба даст овард, дар деҳааш – деҳаи Сори ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент китобхона бунёд мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *