Раъно Зоирдухт – Тоҷикистон

Ҳаво сард аст дар берун

Ҳаво сард аст дар берун,
Ҳаво борон мерезад.
Cамо аз ҷайби ҳастӣ,
Ғуссаҳояш,
Дона-дона.
Рез-рези рез дорад.
Бигў бо ки ситез дорад?
Ҳамин борон ниёз бар,
Лутфи ман дорад,

Аз ин рў нолааш бар гўши ман форад.
Ду рўзгоре,
Ду навъе аз гиристанҳо,
Ду навъе аз зистанҳо,
Касе ашкам надиданҳову
Боронро чӣ диданҳо…
Касе фаҳм мекунад
Якрезии борон,
Чаро резад, куҷо резад ва
Барчинад ғами борон.
Бар домон,
Бигўям фарди боимон.
Бигў, дарки чунин маънӣ,
Бидонад аз куҷову кай?
Ба қалби осмон омад?
Барои ҷони ту омад,
Барои ҷони ман омад,
Барои ҷони ҷон омад…

***

Як лаҳзаи дидор

Як лаҳзаи дидори ту бар ман хабаре буд,
Оғози тамошои ҷилои саҳаре буд.

Ё раб, чӣ хаёласту чӣ хобасту чӣ тадбир,
Таслими ту гаштан зи таҳайюр асаре буд.

Маҳви ту чаро гаштаму аз даст бишуд дил,
Савдоӣ магӯ, дарди ту савдои саре буд.

Ман бо чӣ ниёз омадаам бар дари хуршед,
Ў соя барафканд, ки баҳрам самаре буд.

Маъмурии дилро дигар аз мо чӣ ту пурсӣ,
Андӯҳкадаи рози дили хунҷигаре буд.

Ҳар мисраи шеърам бикунад нола ба ёдаш,
Гар дарк накардаст касе, бехабаре буд.

Ҳар шохи гули умр шуда ғарқаи садбарг,
Ин шабнами авроқи гул аз шеъри таре буд.

Раъно, зи суханҳои ту хушҳол шудастам,
Масъуд нашуд ҳар нафаре бебасаре буд.

رعنا زائردخت- تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *