Расулов дар назди биноҳои баландошёна  танӯр  месозад

Шаҳрдории Душанбе тасмим дорад, дар назди биноҳои истиқоматӣ танурҳои замонавӣ насб кунад 

Ашӯрбек Расулов, муовини раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 27 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Раёсати меъморӣ намунаи чанд танурро дар ихтиёр дорад ва дар сурати интихоб якеро дар пойтахт насб хоҳад кард.
Ба қавли  Расулов, дар назди бархе биноҳои баландошёна чанд танур насб шудааст, ки ба фарҳанги шаҳрнишинӣ созгор нест.
Ахиран, бо қарори Маҳмадсаид Убайдуллоевраиси шаҳри Душанбе як ҳайат ба тахриби танурҳое, ки сокинони пойтахт дар назди биноҳо худсарона сохтаанд, шурӯъ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *