Дастури Раҷаб Аҳмадзода ба роҳбарияти КМ «Зарафшон»

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни мулоқот бо мудири кулли корхонаи муштараки «Зарафшон» изҳор дошт, ки ин корхона дар рушди иқтисодию саноатии шаҳри Панҷакент саҳми бисёр муҳим дорад.

Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти пурсамари корхонаҳои бузурги саноатӣ, аз ҷумла КМ «Зарафшон», омили асосии татбиқи барномаҳои созанда ва рушди иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Раиси вилоят таъкид кард, ки соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхона ба 7,9 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 2,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Дар 11 соли охир фаъолияти корхона нишон медиҳад, ки бо афзоиши ҳаҷми истеҳсол, шумораи кормандон ва музди меҳнати онҳо низ мунтазам боло рафтааст.

Раҷаб Аҳмадзода афзуд, ки ин натиҷаҳо гувоҳи онанд, ки роҳбарияти корхонаи муштараки «Зарафшон» бо дастгирии давлатӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси корхонаҳои нав ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол дар амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар саҳми арзанда мегузорад.

Раиси вилояти Суғд таъкид намуд, ки чун солҳои гузашта, соли равон низ дар назди корхонаҳои азими саноатӣ вазифаҳо ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот гузошта мешаванд. Дар ин замина, аз роҳбарияти КМ «Зарафшон» талаб карда шуд, ки соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 10 миллиард сомонӣ расонанд.

Корхонаи муштараки «Зарафшон» соли 1994 таъсис ёфтаааст. 75 фоизи саҳмияҳои он ба ширкати чинии «Zijin Mining Group Co. Ltd» ва 25 фоиз ба Ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад. Корхона ашёи хоми бузургтарин конҳои тилои Тоҷикистон – «Тарор» ва «Ҷилав»-ро, ки дар шаҳри Панҷакент ҷойгиранд, коркард мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *