Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири ИМА Мануэл Микаллерро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз, 14 январ 2026, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба муносибати анҷомёбии маъмурияташ дар кишвар ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону ИМА, инчунин масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор карданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафир барои саҳми ӯ дар таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти ояндаи касбиаш муваффақиятҳоро таманно кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *