Рейтинг

Рейтинги кишварҳои меҳмоннавоз. Тоҷикистон дар кадом зина аст?

Рейтинги меҳмоннавозтарин кишварҳои ҷаҳон — Welcoming Countries Rank — 2023, ки сайёҳонро бидуни раводид қабул мекунанд ва ё ҳангоми вуруд иҷоза медиҳанд, нашр шуд.

Дар фазои пасошӯравӣ Узбекистон аз ҳама меҳмоннавозтарин ба ҳисоб меравад.  Ин кишвар дар раддабандӣ ва имкони вуруди бидуни раводид (ё ҳангоми расидан раводид гирифтан) барои шаҳрвандони 139 кишвар мақоми 25-умро гирифтааст. Баъдан, Арманистон дар ҷойи 26-ум (135 кишвар) аст.

Тоҷикистон дар зинаи 50 (87 кишвар) ва Қазоқистон дар зинаи 56 (77 кишвар) қарор гирифтанд. Беларус дар зинаи 46 (91 кишвар), Озарбойҷон дар ҷои 48 (89 давлат) ва Гурҷистон дар ҷои 43 (94 кишвар) қарор доранд.

Русия бо Бруней ҷои 64-умро соҳиб шуданд. Шаҳрвандони 63 кишвари ҷаҳон метавонанд ба қаламрави Русия бидуни раводид ворид шаванд. Аз ҷиҳати ошкорбаёнӣ Русия аз Чин, ИМА, Зеландияи Нав, Канада ва Австралия пеш гузаштааст.

Дар садри рейтинг (ҷойи аввал) аз кишварҳои меҳмоннавоз 21 кишвари ғайри ИДМ қарор гирифтанд. Шаҳрвандони 198 кишвари ҷаҳон метавонанд ба ҳар кадоми инҳо бидуни раводид (ё бо дарёфти раводид дар вақти ворид шудан ё бо додани раводиди электронӣ) ворид шаванд.

Инҳо: Малдив, Габон, Гвинея, Ангола, Боливия, Бурунди, Коморҳо, Камбоҷа, Кот-д’Ивуар, Ҷибути, Эфиопия, Ҷумҳурии Демократии Конго, Гвинея-Бисау, Малави, Микронезия, Нигерия, Руанда, Сомалӣ, Судони Ҷанубӣ, Тимори Шаркй ва Тувалу.

Ҷазираҳои Сейшел, Суринам, Того, Мавритания, Кабо-Верде ва Уганда дар ҷои дуввум қарор доранд, ки шаҳрвандони 197 кишвавр метавонанд бидуни раводид ворид шаванд.

Дар ҷои сеюм дар раддабандии меҳмоннавозтарин Доминика, Палау ва Мадагаскар ҷойгир шудаанд.

Дар зинаи охирини (85-ум) ин рӯйихат Афғонистон, Туркманистон ва Кореяи Шимолӣ қарор доранд. Барои шаҳрвандони тамоми кишвари ҷаҳон барои ворид шудан ба ин се давлат раводид лозим аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *