футбол

Резаахбор: Аз ҷойивазкунии Ҷӯрабоев то қарордоди ҳамкории Бозмамадов

Ҳимоятгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Зоир Ҷўрабоев дастаашро дар Суперлигаи Ўзбекистон иваз кард. Акнун бозигари 24-сола дар бошгоҳи «Нефтчӣ»-и Фарғона, ки онро сармураббии собиқи бошгоҳи «Истиқлол» Виталий Левченко роҳбарӣ мекунад, бозӣ хоҳад кард. Дар мавсими гузашта Зоир Ҷўрабоев шарафи тими «Сурхон»-и Тирмизро ҳимоя карда, дар Суперлигаи Ўзбекистон 16 бозӣ анҷом дод.

***

Дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ширкат мекунад. Тошканд дуюмин чемпионати CAFA байни дастаҳои мунтахаби футзали занонаро мизбонӣ хоҳад кард. Бозиҳо аз 25 то 31-уми январ баргузор мешавад, ки дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Ўзбекистон ва Қирғизистон барои медалҳо мубориза мебаранд.

***

Размикори тоҷик Нурулло Алиев аввалин набарди худро дар «UFC Fight Night» бо бразилӣ Рафаэл Алвес баргузор хоҳад кард. Ин муҳориба 26-уми феврали соли 2023 дар шаҳри Лас Вегаси ИМА баргузор мешавад. Размикори 23-сола Нурулло Алиев аввалин варзишгари Тоҷикистон аст, ки имкони дар UFC ҳунарнамоӣ карданро дорад.

***

Дарвозабони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ва дастаи футзали «Истиқлол»-и Душанбе Фирўз Бозмамадов бо дастаи футзали «Спорт Полудне Лантсут»-и Лаҳистон қарордоди ҳамкорӣ баст. Ҷонибҳо дар бастани шартномаи яксола ва бо назардошти тамдид намудан барои як соли дигар (1+1) ба мувофиқа расиданд. «Спорт Полудне Лантсут» дар Лигаи дуюми Лаҳистон ҳунарнамоӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *