футбол

Резаахбор: Аз Ҷоми Осиё то «CAFA Nations Cup 2023»

Дар Ҳисор даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола дар гурӯҳи «Е» ба анҷом расид. Дастаи духтарони Курёи Ҷанубӣ, ки бар дастаҳои Тоҷикистон (16:0) ва Ҳонконг (12:0) ғолиб омад, ғолиби гурӯҳ шуд. Духтарони Курёи Ҷанубӣ муборизаро дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 идома медиҳанд.

***

Нигора Амирхон — варзишгари тоҷик дар Чемпионати варзиши сабуки Осиё дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон дар давидан ба масофаи 2000 метр сеюм шуд ва нишони биринҷӣ ба даст овард. Ин нахустин медали ин варзишгар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.

***

13 муштзан аз Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳонии бокс дар Тошканд ширкат доранд. Парвиз Каримов бар Амин Маҷнунӣ аз Эрон (5:0), Баҳодур Усмонов бар Алекс Ишенди аз Танзания (5:0) пирўз шуданд. Некрўз Салимов дар раунди аввал Мдамхом Муҳаммадро аз Комор нокаут кард. Шаббос Неъматуллоев аз озарбойҷонӣ Мурод Оллоҳведиев (1:4) шикаст хўрд. Пештар Асрор Воҳидов ва Абубакр Муродзода низ пирўз шуда, ба даври дигар роҳ ёфта буданд.

***

Тақвими бозиҳои мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2023», ки аз 10 то 20-уми июн таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, муайян шуд. Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Уммон ҷой гирифт. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Тошканд баргузор мешаванд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозии худро рӯзи 11-уми июн бо тими миллии Туркманистон анҷом медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.