Резаахбор: Аз медалҳои тиллои тоҷикон то мусобиқаи наврасон

Паҳлавонони тоҷик Мирзоҷамил Рамазонов ва Ҳақназар Назаров дар аввалин Чемпионати кушоди куштии Русия, ки рўзҳои 21 ва 22-юми июл дар маркази ҷудои «Батир»-и шаҳри Қазони Русия баргузор гардид, соҳиби медалҳои тилло шуданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кг ва Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни то 75 кг қувва санҷиданд.

***

Клуби футболи «Истиқлол»-и Дущанбе дар Тошканд бо дастаи «Пахтакор»-и ин шаҳр бозии дўстона анҷом дод, ки бо натиҷаи 2:1 бар нафъи дастаи Тоҷикистон ба охир расид. Голҳои «Истиқлол»-ро легионери гурҷӣ Артур Карташиян (дар дақиқаи 31-ум аз ҷаримаи ёздаҳметра) ва бозигар аз Соҳили Оҷ Сенин Себай (дар дақиқаи 78-ум) заданд.

***

Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои футзол идома дорад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии якум аз дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:4 мағлуб шуд ва дар бозии дуюм бо ҳамин ҳисоб Туркманистонро мағлуб кард. Дастаи Афғонистон бо ду пирўзӣ дар ҷойи якум буд.

***

Аз 27 то 30-юми июл дар Тошканд Ҷоми кушоди ҷудои Осиё миёни наврасону ҷавонон баргузор мешавад. Дар мусобиқа миёни наврасон 86 варзишгар аз 4 кишвар ва миёни ҷавонон 97 варзишгар аз 3 кишвар ширкат хоҳанд кард. Аз Тоҷикистон миёни наврасон 33 варзишгар ва миёни ҷавонон 49 варзишгар даъват шудаанд. Мусобиқа аз рўи 16 вазн миёни наврасон ва 14 вазн миёни ҷавонон баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *