Талоши ДТТ барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ талош дорад, ки ҳамкориро бо муассисаҳои олии хориҷӣ вусъат бахшад.

Дар ин бора ректори донишгоҳи номбурда Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбутӣ изҳор дошт.

Гуфта шуд, ки ҳоло дар ин донишгоҳ беш аз 800 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки бештарашон аз кишвари Ӯзбекистон мебошанд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки нақшаи қабули донишҷӯён дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ҳамагӣ 53 фоиз иҷро шудааст. Аммо масъулини ин донишгоҳ умедворанд, ки дар даври тақсимоти такрории довталабон тавассути Маркази миллии тестӣ ин теъдод зиёд хоҳад шуд. Зеро аз 31 000 довталаб, ки имсол ихтисосҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро интихоб намудаанд, 1908 нафарашон соҳиби номи донишҷӯи ин донишгоҳ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *