Риши зан нишонаи кадом бемориҳост?

Ришу мӯйлаб баровардани зан нишонаи бемории гирсутизм буда, аз байни бист зани рӯйи замин яктояш гирифтори ин иллат мешавад. Ба шахсоне, ки ба гирсутизм гирифторанд, хатари безурётӣ бештар таҳдид мекунад.

Нуқс ё иллат?

Гирсутизм, яъне сермӯии зан аз он шаҳодат медиҳад, ки дар системаи эндокринии организмаш халал ворид гаштааст. Барои ҳамин, агар дар болои лаби болоӣ, зерманаҳ, тахтапушт ё қафаси синаи духтар мӯйи сахту бисёр пайдо шавад, бояд ҳатман ба табиби гинеколог-эндокринолог муроҷиат намуда, аз ташхиси УЗИ ва миқдори ҳормонҳои хун гузарад.

Ҳормонҳо гунаҳкоранд

Гирсутизм бо сабаби зиёд будани ҳормонҳои ҷинсии мардона дар организми зан сар зада, бемориҳои тухмдонҳо (масалан, кистаи тухмдон)-ро ба миён меорад. Инчунин, метавонад боиси пайдо шудани омосҳои хушсифат ва бадсифат гардад. Сермӯйӣ ҳангоми омоси гипофиз низ пайдо мешавад. Дар ин ҳолат ҳормони мардона зиёд шуда, бар замми ришу мӯйлаб баровардани зан, садояш низ дағал мегардад ва оҳиста-оҳиста тарҳи рӯяш ба мард монанд шудан мегирад.

Доруҳои зараровар

Гирсутизми доругӣ низ вуҷуд дорад, ки бар асари истеъмоли дорувориҳои ҳормондошта пайдо шуда, танҳо дар сурати қатъ намудани истеъмоли дорувориҳои мазкур рафъ мегардад.

Ҷарроҳӣ мекунанд, агар…

Агар сабаби пайдоиши гирсутизм омоси тухмдонҳо ё ғадудҳои болои гурда бошад, онро бояд ба таври ҷарроҳӣ рафъ намуд. Табобати доругӣ танҳо баъди рафъи бемориҳои мазкур имконпазир мегардад. Истеъмоли дорувориҳо на кам аз 6 моҳ давом карда, то як сол тӯл мекашад. Баъди табобат афзоиши ришу мӯйлаби зан кам шавад ҳам, пурра нест намешавад.

Риши модарзод

Ришу мӯйлаб доштани зан на танҳо бо сабаби зиёд будани ҳормонҳои мардона, балки аз ҳассосияти зиёди решаҳои мӯй ба ҳормонҳо низ буда метавонад, вале на ҳамеша ҳормонҳо гунаҳкоранд. Ин иллат метавонад модарзодӣ ё авлодӣ бошад. Оилаҳое ҳастанд, ки қариб тамоми хонумҳояшон мӯйлаб доранд. Бештар бонувони чашму мӯю абрӯвонашон сиёҳ ба гирсутизм гирифтор шуда, ришу мӯйлаб мебароранд.

Кампираки ришдор

Баъзе занҳо дар давраи климакс ришу мӯйлаб мебароранд. Сабаб дар дисбаланси ҳормонӣ аст, зеро баъди нобуд шудани функсияи ҷинсӣ ҳормонҳои занона ба мардона иваз мешаванд.

Роҳи халосӣ нест?

Аз ришу мӯйлаби нодаркори занона танҳо тавассути қошчинак халос шудан мумкин аст. Бо роҳи тарошидану чидан ва биоэпилятсия (бо истифода аз қандоб, қатрон ва мум) зан танҳо муваққатан аз ришу мӯйлаб халос шуда метавонаду пас аз чанде рӯяш боз пур аз пашм мешавад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *