Роҳандозии шабакаҳои стандарти 5G дар Тоҷикистон идома дорад
Дар Тоҷикистон васеъсозии шабакаҳои мобилии стандарти 5G идома дорад. Дар ин бора сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар шаҳри Душанбе 20 адад, дар Хуҷанд 2 адад ва дар шаҳри Бохтар низ чанд истгоҳи базавии 5G насб ва ба истифода дода шудаанд. То охири соли 2025 шумораи умумии онҳо ба 55 адад расонида мешавад.
Сардори Хадамоти алоқа зикр кард, ки бо суръати баланд рушд кардани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, зарурати татбиқи шабакаҳои 5G дар бахшҳои идоракунӣ, хизматрасонӣ ва истеҳсолот пеш омадааст.
Татбиқи 5G дар доираи сиёсати давлатии «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ба роҳ монда шуда, дар се соли оянда гузариш ба 4G ва 5G, инчунин дастрасии то 80 фоизи аҳолӣ бо интернети собит (ноқилӣ) ба нақша гирифта шудааст.
Дар айни замон, шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит дар кишвар ба 5,1 миллион нафар мерасад. Аз ин шумора 4,9 миллион нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд. Интернет аз ҷониби 6 ширкати мобилӣ ва 24 ширкати алоқаи собит пешниҳод мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ 811 адад истгоҳи базавӣ насб шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 516% зиёд аст. То охири сол боз 1000 истгоҳи нав ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, Исфандиёри Саъдулло иттилоъ дод, ки арзиши миёнаи интернет дар кишвар коҳиш ёфта, нархи 1 ГБ баста ба 2,5 сомонӣ ва суръати ҳадди ақал ба 15 Мбит/с баробар шудааст. То охири соли ҷорӣ, суръати миёна ба 30 Мбит/с ва то се соли оянда ба 100 Мбит/с расонида хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ