Роҳбандӣ дар Душанбе ва Варзоб
Имрӯз, 9 июл дар як қатор кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд мешавад. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ додааст.
Дар асоси маълумоти расмӣ, роҳҳо дар вақти зерин баста мешаванд:
🕘 Аз соати 09:00 то 10:00 — хиёбони Рӯдакӣ;
🕛 Аз соати 12:00 то 15:00 — хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои С. Айнӣ, А. Дониш ва М. Мастонгулов;
🕘 Аз соати 09:00 то 14:00 — роҳ аз терминали “Чорбоғ” то деҳаи Тагоб (ноҳияи Варзоб).
Мақомот аз ронандагон даъват мекунанд, ки дар ин соатҳо аз истифодаи роҳҳои зикршуда худдорӣ карда, аз кӯчаҳои алтернативӣ истифода баранд.
Сабаби расмии маҳдудияти ҳаракат зикр нашудааст, аммо эҳтимол меравад ин тадбирҳо бо сафари давлатии Президенти Қирғизистон Садир Жапаров алоқаманд бошанд, ки имрӯз ба анҷом мерасад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ