Роҳи Помир зеботарин дар ҷаҳон эътироф шуд

Роҳи Помир пас аз роҳҳои Фаронса ва Амрико дар мақоми сеюм ҷо гирифт.  Раддабандии зеботарин роҳҳои ҷаҳонро сомонаи rating-avto.ru нашр намудааст.

Тибқи баҳогузорӣ, дараи Вердон дар ҷанубу шарқи Фаронса ва шоҳроҳи Далтон дар Аляска аз роҳи Помир зеботар дониста шуданд.

Гуфта мешавад, ки роҳи Помир бо манзараи зебоманзару дилнишинаш беназир аст. Маҳз дар шоҳроҳи Помир манзараҳои экзотикӣ, ки ба роҳҳои кӯҳӣ хос аст, нақбҳо, дараҳо, растаниҳои нодир ва ҳатто деҳаҳои нодирро дидан мумкин аст.

Ба даҳ роҳи зебои беҳтарин инчунин шоҳроҳи Трансфэгэраш дар Руминия, роҳи Чуйский дар қаламрави Олтойи Русия, роҳи Атлантик дар Норвегия ва шоҳроҳи Тянмени Чин дохил шуданд.

Инчунин, роҳи рақами 40 дар Аргентина, роҳи Уқёнуси Бузург дар Австралия ва Доираи Бузург дар Колорадои ИМА низ зеботарин масирҳои ҷаҳон дониста шуданд.

Ёдовар мешавем, ки шоҳроҳи машҳури Помири Бузург бо дарозии беш аз 1,2 ҳазор километр соли 1933 сохта шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *