Роҳи Душанбе-Хуҷанд боз дусамта шуд

Масъулони ширкати IRS мегӯянд, ки дар нимаи дувуми рӯзи сешанбеи 1 феврал ҳаракати мошинҳо аз ду самт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, имконпазир шудааст.

Далер Мерганов, сухангӯи ин ширкат гуфт, ки ҷадвали ҳаракати нақлиёт, ки рафтуомад дар рӯзҳои ҷуфт аз Душанбе ва рӯзҳои тоқ аз Хуҷандро пешбинӣ мекард, бардошта шуд. Аммо Мерганов гуфт, ки имрӯз дар ин шоҳроҳ бафрборӣ пешгӯӣ шудааст ва имкон дорад бо мушкил шудани вазъ ва фаромадани тарма, реҷаи ҳаракати мошинҳо, дигарбора ҷорӣ карда шавад. Сар аз 28 январ бар асари барфбориҳои шадид ва резиши тарма, ҳаракат дар ин масир ба мушкил рӯбарӯ шуд. Бар асари резиши тарма дар минтақаи Майхӯраи Варзоб 6 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *