Роҳи Хуҷанд-Душанбе боз шуд, вале яктарафа

Роҳи Душанбе – Чаноқ, ягона роҳи заминӣ, ки маркази кишварро бо шимол пайванд медиҳад, баъди як ҳафтаи тармафароӣ ва марги ce корманди ширкати Innovative Road Solutions дубора боз шуд. Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки роҳ шаби 24 феврал барои равуои мошинҳо боз гардид, вале аз ронандагон хоста шудааст, ки танзими ҳаракатро риоя карда, барои якдигар мушкил пеш наоранд.

Зоҳиран ба далели фаромадани тармаи зиёд роҳ ҳанӯз пурра боз нашуда ва убуру мурур ба сахтӣ сурат мегирад. Далери Абдулло, сухангӯи ширкати Innovative Road Solutions гуфтааст, дар ҳоли ҳозир ҳаракат танҳо аз самти шимол ба пойтахт имконпазир шудааст.

Ӯ гуфт, “сарфи назар аз вуҷуди мушкилу монеаҳои зиёд, тозакунии роҳи Душанбе – Чаноқ аз тарафи кормандони ширкат дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуд. Чанде пеш кормандони мо иттилоъ доданд, тармаҳои бузургҳаҷме, ки дар қитъа фаромада буданд, бартараф шуда, ба маънои томаш роҳ қадам ба қадам аз тарма тоза гардид.”Масъулони ширкати Innovative Road Solutions, масъули нигоҳубини роҳи пулакии Душанбе – Чаноқ гуфтанд, дар як ҳафтаи ахир тармаи зиёд фаромада ва ҳаракат дар ин масирро қатъ карда буд. Ба гуфтаи онҳо дарозии тарма то 500 ва баландиаш ба 40 метр мерасид. Роҳи Душанбе – Чаноқ ҳафтаи гузашта ба далели барфбории шадид ва зери тарма мондани ду техника ва ҳашт корманди ширкати IRS баста гардид. Дар ин ҳодиса ce корманди ин ширкат ҷон бохта, як нафари онҳо бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони ноҳияи Айнӣ интиқол ёфта буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *