Роланд ва таҳқиқи ёдгории беназири Саразм

Бо ин марде, ки симои нурбор дошт ва ба рағми синну солаш чолоку бардам менамуд, чанд сол муқаддам дар ҳафриёти Саразм ошно шуда будам. Ба форсӣ хуб ҳарф мезад ва назокати ин лафзи шоиронаро хуб дарк менамуд. Суҳбати мо аз таърихи ҳафриёт, ҷойгоҳи Саразм дар илми бостоншиносӣ мерафт.

— Ба қиматаш аз он баҳо диҳед, ки мо солҳо боз ин ҷо таҳқиқот мебарем.

Ин суханони ӯ аз ёдам нарафтааст.

Роланд Безенвал – муҳаққиқи номвари Маркази миллии таҳқиқоти илмии Фаронса, яке аз донандагони хуби таърихи куҳани Осиёи Миёна, Афғонистон ва дар маҷмӯъ Шарқи наздик, дуруст мегуфт.

Таҳқиқоти бостоншиносони Тоҷикистон, Фаронсаю Италия, Амрико ва Русия дар илми бостоншиносии ҷаҳонӣ бозёфти беназири нахустин муҳаққиқи Саразм – зиндаёд Абдуллоҷон Исҳоқиро муаррифӣ намуд ва ин ёдгорӣ бо пуштибонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рӯйхати мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гашт.

Дар ин кор саҳми Роланд Безенвал, ки дар ҳайати экспедитсияи муштараки Тоҷикистону Фаронса ба ҳайси муҳаққиқи бостоншинос ва сарвар кор кардааст, кам нест. Таҳқиқоти арзишманди ӯ доир ба таърихи фарҳанги Осиёи Марказӣ, навгониҳо дар бостоншиносии Тоҷикистон, аз ҷумла дар таҳқиқи ёдгории беназири Саразм, ба таъкиди бостоншиносони номвар ба хазинаи тиллоии илми ҷаҳонӣ ворид гаштаанд.

Тавре сарвари пойгоҳи бостоншиносии Саразм Абдурауф Раззоқов, ки солиёни зиёд бо мавсуф ҳамкорӣ доштааст, мегӯяд, Роланд Безенвал ба таҳқиқи ёдгории беназири Саразм ҳамаҷиҳата менигарист ва ба манбаъҳое, ки ин ҷо дар давраи ҳаёти маданӣ истифода мешуд, эътибори хоса медод.

Роланд Безенвал, ҳамчунин, барои ташкили таҳқиқи ёдгориҳо, муайян намудани таърихи онҳо, олами набототу ҳайвонот, муҳити зист, таркиби биринҷӣ, сангҳои гаронбаҳо, обёрии заминҳо, намуди зироатҳо дар ёдгории Саразм, ки дар беҳтарин ташхисгоҳҳои Фаронса сурат гирифтанд, кумаки бевосита расонидааст. Ба ин хотир, ӯ ба Саразм мутахассисони варзидаи Фаронса  Фабион Сесброн — минеролог, Жон Деса-зоолог, Мишел Казанова – мутахассиси сангҳои қиматбаҳоро даъват намуд.

Чуноне ки бостоншиносони тоҷик Галина Каримова ва Шарофиддин Қурбонов, ки бо Роланд Безенвал ҳамкорӣ доштанд, мегӯянд, солҳои 1984 — 1997, ки номбурда ба ҳайси корманди гурӯҳи муҳаққиқони Маркази миллии таҳқиқоти илмии Фаронса дар ҳафриёти Саразм таҳқиқот анҷом додааст, аз лиҳози пажӯҳишҳои илмӣ аз муҳимтарин давраҳои таҳқиқоти ин ёдгории беназир маҳсуб мешавад.

— Маҳз бо пуштибонию дастгирии Роланд Безенвал соли 2011 байни Академияи улуми Тоҷикистон ва Маркази миллии таҳқиқоти илмии Фаронса ҷиҳати таҳқиқи минбаъдаи Саразм қарордод баста, дар ин замина таҳқиқоти муҳим анҷом дода шуд, – мегӯяд сарвари Мамнӯъгоҳи таърихӣ – бостоншиносии Саразм Абдурауф Раззоқов.

Пас аз ба рӯйхати Мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ ворид шудани ёдгории Саразм соли 2010 — ум Роланд Безенвал бо ҳамроҳии бостоншиноси номии Фаронса Анри Пол Франфор баъди танаффуси сесола ба таҳқиқи Саразм оғоз намуд. Ӯ тайи солҳои 2012 — 2014 ба ҳайси сарвари гурӯҳи бостоншиносони Фаронса дар ҳамкорӣ бо кормандони пойгоҳи бостоншиносии Саразм ба омӯхтани иншооти обёрии ин куҳаншаҳр машғул шуда, бо истифода аз таҷҳизоти ҷадид ҷӯйбореро кашф намуд, ки таърихи беш аз 4500 — сола дошта, дар аҳди қадим саразмиён аз он барои обёрии зироат истифода менамудаанд. Яъне, гузаштагони мо ба тамаддуни кишоварзӣ ҳанӯз дар аҳди қадим замина гузоштаанд.

Дар доираи лоиҳаи «Баҳр, хушкӣ ва муҳити онҳо» дар ҳамкорӣ бо бостоншиносон В. А. Ранов ва М. А. Бубнова соли 2005 — ум ёдгориҳои Бадахшонро низ таҳқиқ кардааст.

Роланд Безенвал форсиро хуб медонист ва тавассути ин ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсониаш бо ҳамкорони маҳаллӣ зуд забон меёфту унс мегирифт.

Бо эҳтироме, ки ба миллати мо дошт, чун ҳамкори тоҷикаш Абдурауф Раззоқов ба писараш Фарҳод ном гузошт, Роланд духтарашро, ки ҳамсоли ӯст, Ширин номгузорӣ намуд.

Ӯ дуюмин бостоншиноси хориҷӣ ва аз дӯстони миллати мо аст, ки дар сари кор, ҳангоми ҳафриёт дар Панҷакент ҷон ба ҷонофарин супурдааст. 29 сентябри соли 2014 — ум дар ҳафриёти Саразм, ҷое, ки қисмати бештари умри 67 — солаашро бахшидааст, вафот кард.

…Ҳар гоҳ гузорам ба шаҳраки бостонии Саразм меафтад, пеши назар симои нурбори Роланд Безенвал — ин фаронсавии ошиқи таърихи куҳани тоҷикон меояд. Рӯҳи безаволи Роланд Безенвал дар ин паҳно, ки панҷуним ҳазор сол муқаддам гузаштагони мо маскун буданд, пар мезанад.

Турдибой СОЛЕҲЗОДА, шаҳри Панҷакент

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *