Ронандаи дағалгуфтор барои таҳқиру дашном ҷарима шуд

Баъди муроҷиати як нафар ҷавонзан кормандони милитсияи пойтахт мардеро дастгир намуданд, ки барои таҳқиру дашноми ӯ айбдор дониста мешавад.

Бино бар иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, ҷавонзан бо ирсоли наворе аз мақомоти милитсия талаб намудааст, ки нисбат ба ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Кемрӣ» рақамҳои қайди давлатиаш 0202 US 01 чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои муроҷиаткунанда ронандаи автомашинаи мазкур нисбати ӯ дағалона рафтор намуда, бо суханони қабеҳ шаъну шарафашро паст задааст.

Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи авомашинаи болозикр шаҳрванд Назаров Исмоил Шамсулоевич, санаи таваллудаш 07.01.1988, сокини ш. Душанбе мебошад. “Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда дар ҳақиқат санаи 21-уми ноябр ҳангоми дар кӯчаи А.Дониши ноҳияи Шоҳмансур қарор доштан нисбати ҷавондухтари муроҷиаткунанда дағалона рафтор кардааст”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Нисбат ба Назаров Исмоил тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, Суд ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 420 сомонӣ таъин намуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.