Ронандаи “Хундай” ҳангоми бозӣ кӯдакро пахш кард

10 апрел Муҳаммад Мусаев, ронандаи нақлиёти тамғаи “Хундай” ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Зафар кӯдаки 4-сола, ки дар кӯчаи мазкур нишаста ба бозӣ машғул буд, пахш кардааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷа кӯдаки хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳоло оид ба ҳодисаи мазкур тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *