Сироҷиддин Муҳриддин дар Алмато ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии ИДМ-ро раисӣ кард

Дар  шаҳри Душанбе 9 октябри соли равон ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии ИДМ доир мешавад. 

Ин тасмим 11 апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Алматои Қазоқистон гирифта шуд.

Ҷаласаи мазкур зери раисии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин  баргузор гардидааст.

“Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуда, роҳҳои тақвияти ҳамкориҳоро дар доираи ИДМ мавриди баррасӣ қарор доданд”,-иттилоъ медиҳад ВКХ-и Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки Сироҷиддин Муҳриддин самтҳои авлавиятноки раёсати Тоҷикистонро дар ИДМ дар соли 2025 баён намуда, ба масоили таҳкими амнияти минтақавӣ, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши масирҳои нақлиётию логистикӣ, рушди равобити гуманитарию фарҳангӣ миёни кишварҳои узви Созмон тамаркуз кард.

Ба иттилои манбаъ, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои танзими равандҳои муҳоҷират зоҳир гардид. Роҳбари ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон зарурати такмили заминаи меъёрию ҳуқуқиро дар ин соҳа, аз ҷумла суръат бахшидан ба мувофиқасозии лоиҳаи созишномаҳое, ки дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд, таъкид намуд.

“Вобаста ба мавзӯи амният, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Созмон масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва таҳдидҳои киберӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар хатарҳоеро, ки ба пойдории субот ва рушди ҳамкориҳо дар ИДМ таҳдид мекунанд, баррасӣ намуданд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Дар доираи омодагӣ ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, таваҷҷуҳи махсус ба масоили таҳияи ҳуҷҷатҳои мақсадноки миллӣ ва баргузории чорабиниҳои мавзуӣ, ки ба ҳифзи хотираи таърих ва дастгирии собиқадорон нигаронида шудааст, зоҳир гардид. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *