Рушди Тоҷикистон: Бонки ҷаҳонӣ медонад ё иқтисодчиёни мо?

 

Бонки ҷаҳонӣ (World Bank) пешгӯӣ кардааст,  ки соли ҷорӣ  рушди иқтисоди Тоҷикистон 4% ва дар соли оянда 4,5 % баробар мешавад.  Тавре аз  гузориши нави  Бонки Ҷаҳонӣ дар сомонааш бармеояд,   баъди коҳиши иқтисоди Русия ва кам интиқол гардидани  пули муҳоҷирон аз ин кишвар иқтисоди Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қирғизистон ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ зарба дидаанд. Аммо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мизони рушди иқтисоди кишварро дар соли ҷорӣ ба ҳисоби 6,5 дарсад пешбинӣ кардааст. Фарҳоди Воситиён, муовини сардори Раёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти вазорати мазкур  зимни суҳбат дар расонаҳо иброз доштааст, ки истифода аз захира ва имконоти дохилӣ боиси боло рафтани мизони рушди иқтисодӣ хоҳад шуд. Ӯ бунёди корхонаҳои нав, афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатиро аз ҷумлаи захираю имконоти дохилӣ ном бурдааст. «Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 161 корхонаи истеҳсолӣ ба кор медарояд, ки ин нишонаи рушд аст. Аз тарафи дигар, нархи  нафт дар бозори ҷаҳонӣ афзоиш ёфта, иқтисоди Русия беҳбудӣ меёбад. Дар натиҷа ҷойҳои нави кор барои муҳоҷирони тоҷик пайдо шуда,  миқдори пули интиқолӣ ба кишвар зиёд хоҳад шуд», – гуфтаст ӯ.  Баҳром Шарифов, коршиноси тоҷик дар суҳбат бо расонаҳо  сабаби тафовут дар пешбиниҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистонро ба замони таҳияи ин гузоришҳо марбут донистааст. Ба гуфтаи ӯ, мумкин гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар охирҳои соли гузашта ва аввалҳои соли ҷорӣ, ки нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ 27-30 доллар буд, таҳия шудааст, ки аз шароити ҳозира фарқ дорад. Ӯ мегӯяд, ки  «дар ин гузориш аз коҳиши 2,5 дарсадии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ сухан рафта ва аз ҳамин ҷиҳат ба иқтисоди давлатҳо баҳо дода шудааст.  Дар ин гузориш имконоти дохилии Тоҷикистон ба  назар гирифта нашудааст. Истифода аз имконоту захираҳои дохилӣ ба кишварҳои тараққиёбандае чун Тоҷикистон рабт дорад».          Гулмуҳаммад Оймаҳмадов, устоди факултети молия ва иқтисоди ДМИТ дар бораи ин гузориш  мегӯяд, ки  Бонки ҷаҳонӣ тартиб ва  ҳисоби худро дорад. «Воқеияти иқтисоди Тоҷикистон исбот карданаш мумкин,  ки 4,5  то 10 фоиз бошад. Аммо рақамаи Вазорати рушди иктисод ва савдои кишвар  ҳам ба хотири аз байн бурдани таҳлука дар ҷомеа  аст. Бинобар ин, коршиносони Бонки ҷаҳонӣ сатҳи беқурбшавии пули миллӣ- сомонӣ ва таваррумро ҳам ба ҳисоб гирифтаанд. Вале агар Тоҷикистон ҳолати рушди босубот дошта бошад, пеш аз ҳама, мо  бояд мамлакатро аз соҳаи аграрӣ ба саноатӣ табдил диҳем, дар ин сурат рушди иқтисод  аз 10-15 фоиз ҳам убур мекунад.  Аммо имрӯз мо ба ҳаҷми  назарраси истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нарасидаем. Ҳарчанд дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ кӯшишҳо ҳаст.  Имрӯз дар Тоҷикистон қариб 45 шаҳру ноҳия дар дотатсия қарор доранд. Дар баробари истифодаи маблағҳои буҷетӣ  боз як навъ сохтакорӣ ва истифода дар маблағи буҷети ноҳиявӣ вуҷуд дорад. Дар ин самт ҳамгироӣ байни ноҳияҳоро ба миён овардан лозим аст». Ба андешаи Оймаҳмадов,  иқтисодиёти имрӯзаи Тоҷикистон ислоҳот мехоҳад. Ислоҳот аз рӯйи таҷрибаи давлатҳои пешрафта ва истифода аз инноватсия. «Мо ҳамон вақт пеш меравем, ки тамоми минтакаҳои Тоҷикистон ба саноат рӯй оранд», -гуфт номбурда.                                          Бонки Рушди Осиё ҳам моҳи марти соли ҷорӣ  зимни  гузориши «Рушди Осиё-2016″, ки дар Душанбе муаррифӣ гардид,  аз идома ёфтани пастравии иқтисоди мамлакат хабар дода буд. Рушди иқтисоди кишвар дар соли 2016 дар сатҳи 3,8 дарсад хоҳад шуд. Муаллифони ин гузориш сабаби аслии коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистонро ба кам шудани мизони пули муҳоҷирон ва бозгашти шумори зиёди онҳо ба Ватан ва беқурбшавии пули миллии сомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ марбут дониста буданд.

Таҳлилгарони  масоили иқтисодӣ бар ин назаранд, ки  корхонаҳое, ки дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд, 1 -2 сол фаъолияти назаррас нишон медиҳанд, аммо баъди чанде барҳам мехӯранд ё шакли фаъолияташонро дигар месозанд. Тафтиши  мақомоти назоратӣ  аз болои корхонаҳои навтаъсис ҳам зиёд аст. Бо вуҷуди Кодекси нави андоз, ки гӯё ба соҳибкорон сабукӣ додааст,  бояд эътироф кард, ки раванди  қатъи фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш  дорад.  Танҳо дар соли гузашта ҳудуди 22 ҳазор соҳибкор фаъолияташонро қатъ кардаанд.  Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 60 дарсади корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмонда ё бо тавоноии хеле кам ё мавсимӣ кор мекунанд.  Пас, чӣ гуна метавон аз рушди иқтисоди мамлакат ҳарф зад?

Усмон Раҳимзода,                                                                           

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *