Русия: Ҳамлаи ноболиғ ба мактаб

Се хонандаи мактаби рақами яки шаҳраки Ивантеевкаи вилояти Маскав баъд аз ҳамлаи мусаллаҳонаи ноболиғе худро аз тирезаи синфхона ба зер партофта, маҷрӯҳ шудаанд. Варвара Заева, ёвари раиси Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Маскав, ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки наврасон аз ин ҳодиса тарсидаанд.

Ҳамлаи мусаллаҳонаи як ноболиғ дар мактаби рақами яки шаҳраки Ивантеевкаи вилояти Маскав рӯзи 5-уми сентябр рух дод. Мақомоти Вазорати умури дохилии Русия гуфтанд, ки ҳамлагари эҳтимолӣ боздошт ва ба идораи полис интиқол ёфтааст. Бозпурсии ӯ дар ҳузури волидонаш ҷараён дорад.

Хабаргузории ТАСС менависад, ноболиғ дар истифода аз норинҷаки дудзо ва силоҳи пневматикӣ муттаҳам мешавад. Ҳодиса дар дохили синфхона рух додааст. Гумонбар 14-15 сол дошта, бино ба иттилои муқаддамотӣ, бо истифода аз силоҳ як омӯзгорро маҷрӯҳ кардааст.

Дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии вилояти Маскав гуфт, ходимони шӯъбаи кор бо ноболиғони полиси ноҳияи Пушкинское дар ҳузури волидон бозпурсиро шурӯъ кардаанд. Эҳтимол меравад, гумонбар шогирди синфи 9-уми ҳамин мактаб аст.

Як шоҳиди ҳодиса ба хабаргузории РБК гуфтааст, ки ҳамлагар эҳтимолан аз силоҳи пневматикӣ кор гирифта, аввал ба сари омӯзгори фанни информатика Любов Калмикова тир холӣ кардааст. Дар ин лаҳза ҳамсинфон тарсида бархе аз ошёнаи дуюм худро ба замин партофтаанд. Дар ҳамин лаҳза се нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Як шогирди дигари мактаб ба ин оҷонсӣ гуфтааст, ки миёни ҳамлагар ва омӯзгор ҳеҷ мушкил ё ихтилофе набуд. Ин духтарак гуфтааст, ки ҳамлагар дар гузашта ба ҳамсинфонаш гуфтааст, ки мехоҳад тирандозӣ кунад, вале касе ҳарфҳои ӯро ҷиддӣ нагирифтааст.

Чанде пеш аз ин, бархе аз шоҳидон гуфтанд, ки полис ҳамаи кӯдаконро ба макони амн интиқол дода мактаби рақами якро муҳосира кардааст. Ходимони зиёди полис бо кӯлоҳи муҳофизатии махсус дар сар кӯдаконро дар ҷойи амн нигоҳ медоранд. Ҳамлагар гӯё таҳдид кардааст, ки дар дохили мактаб як маводи таркандаро гузоштааст, вале то ҳол дурустии ин хабар ва макони эҳтимолии ҷойгузорӣ шудани ин мавод мушаххас нест.

Маъмурияти мактаб гуфт, ки муассиса баста шудааст. “Кӯдаконро ба хонаҳояшон ҷавоб додем. Имрӯз мактаб кор намекунад, дарс аз фардо дубора шурӯъ мешавад”, — гуфт як ходими маъмурияти мактаб ба хабаргузории русӣ. Намояндагони тафтишот таҳқиқи қазияро шурӯъ кардаанд.

Дар гузашта дар Русия ё кишварҳои дигари собиқи шӯравӣ ҳодисаҳои истифода аз силоҳи оташфишон хеле кам рух додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *