Русия барои Тоҷикистон мутахассис омода мекунад

Русия барои артиши Тоҷикистон кадрҳоро дар соҳаҳои операторони ҳавопаймоҳои бесарнишин, мутахассисони ҷанги электронӣ ва дигар ихтисосҳои лозима омода месозад.

Дар ин бораи хабаргузории Sputnik Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, мутахассисони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар соли 2025 тақрибан 1 ҳазор мутахассисро барои артиши Тоҷикистон омода кардааст.

“Дар размоишгоҳҳои Лоҳур ва Самбулӣ ҷавонони тоҷик аз рӯи 14 ихтисоси низомӣ омӯзиш гирифтанд”- хабар додааст дафтари матбуоти ҳавзаи низомии марказии Русия.

Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод қарор аст, соли 2026 шумораи ихтисосҳоро дар асоси таҷрибаи низоъҳои мусаллаҳона васеъ кунад.

Дар ин пойгоҳ  барои омӯзиши операторони ҳавопаймоҳои бесарнишин, мутахассисони ҷанги электронӣ ва тирандозони системаҳои дифоъи ҳавоии сайёри “Игла” диққати бештар дода мешавад.

Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ин базаи ҳарбии доимии артиши Федератсияи Русия мебошад, ки дар қаламрави Тоҷикистон, асосан дар Душанбе ва шаҳри Бохтар мустақар шудааст ва яке аз муҳимтарини неруҳои муҳосира ва амнияти минтақа ба ҳисоб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *