Русия тартиби нави вуруд барои шаҳрвандони хориҷиро ҷорӣ мекунад
Аз 30 июн ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд ба Русия сафар кунанд, бояд на дертар аз 72 соат пеш аз вуруд тавассути замимаи “Госуслуги RuID” сабти ном кунанд ва маълумоти шахсиро пешниҳод намоянд.
Пас аз сабти ном рамзи махсус дода мешавад, ки танҳо бо он иҷозаи вуруд ба кишварро ба даст меоранд.
Дар ҳолатҳои фавқулода, дархост метавонад 4 соат пеш аз вуруд ирсол гардад.
Дархост 90 рӯз эътибор дорад. Кӯдакони то 6-сола ва шахсони дорои иҷозаи зист аз пешниҳоди маълумот озоданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ