Руссия боз аз Тоҷикистон норозист!

Баҳси Тоҷикистону Русия бар сари фурудгоҳи Жуковский аз нав дармегирад. Вазорати нақлиёти Русия мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии «Ямал” иҷозати парвоз аз ин фурудгоҳ ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро то ҳол надодаанд.

Вазорати нақлиёти Русия Тоҷикистонро ба талоши бозбинии тавофуқоти қаблӣ пиромуни шеваи анҷоми парвозҳо аз фурудгоҳи Жуковский дар вилояти Маскав ба шаҳрҳои Тоҷикистон айбдор мекунад. Дафтари матбуоти ин вазорат рӯзи 20 декабр ба хабаргузории ТАСС гуфт, «ҷониби Тоҷикистон бар хилофи банди дувуми протокол иҷозати парвозҳоро намедиҳад. Вазорати нақлиёти Русия ба талошҳои навбатии бозбинии тавофуқоти мавҷуда эътирози худро баён дошта, аз ҳамкорони тоҷики худ даъват мекунад, ки ба ӯҳдадориҳои ба дӯши худ гирифтаашон қотеона амал кунанд.”

Сухан дар бораи ширкати ҳавопаймоии «Ямал” меравад. Нашрияи «Ведомости”-и чопи Маскав рӯзи 20 декабр хабар дод, ки раёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷадвали парвозҳои дархосткардаи ширкати «Ямал” аз фурудгоҳи Жуковский ба ду шаҳри Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистонро напазируфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *