Рустами Эмомалӣ ба ДДХ автобус тақдим кард

Бо ташаббуси раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ як адад автобуси мусофиркашонӣ тақдим гардидааст.

ДДХ хабар медиҳад, ки ин автобус ба омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар шаҳри Хоруғ ва вилоят хизмат мерасонад.

— Ҳайати професорон, омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ изҳори сипос намуданд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.